Ҳифзи ҳуқуқҳо дар марҳилаҳои тафтишот ва мурофиаи судӣ бо Сарқонун
Душанбе, 2.05.2014 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).-Ҳуқуқ ба ҳимоя ва гирифтани ёрии ҳуқуқӣ яке аз ҳуқуқҳои конститутсионии шахс мебошад, ки тавассути Сарқонун, қонунҳои ҷумҳурӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон эътироф кардааст, ҳифз мегардад.
Тибқи моддаи 19 Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар шахс аз лаҳзаи дастгир шудан метавонад аз ёрии адвокат истифода кунад.
Ёрии ҳуқуқӣ дар тамоми марҳилаҳои тафтишот ва мурофиаи судӣ мутобиқи талаботи моддаи 92 Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолат дода мешавад.
Дар моддаи 14 Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи сиёсӣ ва шаҳрвандӣ (с.1966) низ омадааст: «Ҳар як шахс ҳақ дорад ҳангоми баррасӣ намудани айби ба ӯ эълоншуда ҳадди ақал аз ин кафолатҳо дар асоси баробарии пурра бархурдор шавад. Дар ин робита бо сардори шуъбаи умумии суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Эмоммаъдӣ Нигматов ҳамсуҳбат шудем.
Зимни суҳбат мавсуф гуфт, ки моҳияти конститутсионии ин ҳуқуқро ба инобат гирифта, қонунгузор дар моддаи 22 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмини ин ҳуқуқи гумонбаршуда, айбдоршаванда, судшаванда ва маҳкумшударо яке аз асосоҳои қонунгузории мурофиавии ҷиноятӣ муқаррар намуда, маҳрум ва ё маҳдуд кардани онро ҳамчун вайронкунии ҷиддии қонун эътироф кардааст. Аз ин рӯ, бо назардошти моҳияти конститутсионӣ ва мурофиавии ҳуқуқ ба ҳимоя, бо мақсади иҷрои якхела ва дақиқи муқаррароти қонуни мурофиавии ҷиноятӣ ва дигар қонунҳои амалкунандаи ҷумҳурӣ вобаста ба таъмини ҳуқуқ ба ҳимоя ва дар ин замина таъмин намудани он дар амалияи тафтишотӣ ва судии ҷиноятӣ дастури мазкур мавриди таҳия қарор гирифтааст.
Бояд зикр дошт, ки танҳо ба гумонбаршуда фаҳмонидани ин ҳуқуқҳои ӯ кофӣ нест, балки прокурор, муфаттиш ва таҳқиқбаранда бояд моҳияти ҳар яки онҳоро кушода дода, барои аз ҷониби гумонбаршуда амалӣ намудани ин ҳуқуқҳои ӯ бояд тадбирҳои амалӣ андешанд. Аз ҷумла, барои амалӣ кардани ҳуқуқи гумонбаршуда оид ба донистани он, ки барои чӣ гумонбар шудааст, муфаттиш бояд дар протоколи пурсиши гумонбаршуда моҳияти онро дарҷ намояд, барои раддия изҳор намудан гумонбаршударо бо қарор дар бораи таъсиси гурӯҳи тафтишотӣ шинос намояд, то ки ӯ имконияти бо як ё ҳамаи аъзои гурӯҳи тафтишотию фаврӣ изҳори рад намуданро дошта бошад, аз лаҳзаи воқеан дастгир карда шудани гумонбаршуда ӯро фавран, вале на дертар аз 24 соат пурсиш намояд, нусхаи протоколи дастгиршавиро ба гумонбаршуда диҳад, ӯро бо маводе, ки ба суд барои татбиқи ҳабс нисбат ба ӯ чун чораи пешгирӣ равона шудааст, шинос намояд.
-Бо шарофати соҳибистиқлолии кишвар ва сулҳу субот дар мамлакат мо имсол 20-умин солгарди рўзи Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро ботантана ҷашн мегирем, ки он 6-уми ноябри соли 1994 бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ ҳамчун Сарқонуни давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон қабул гардидааст, -афзуд Эмоммаъдӣ Нигматов, сардори шуъбаи умумии суди ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт.








«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад






