Ҳифзи ҳуқуқҳо дар марҳилаҳои тафтишот ва мурофиаи судӣ бо Сарқонун

Май 2, 2014 11:53

Душанбе, 2.05.2014 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).-Ҳуқуқ ба ҳимоя ва гирифтани ёрии ҳуқуқӣ яке аз ҳуқуқҳои конститутсионии шахс мебошад, ки тавассути Сарқонун, қонунҳои ҷумҳурӣ ва  санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон эътироф кардааст, ҳифз мегардад.
Тибқи моддаи 19 Сарқонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар шахс аз лаҳзаи дастгир шудан метавонад аз ёрии адвокат истифода кунад.
Ёрии ҳуқуқӣ дар тамоми марҳилаҳои тафтишот ва мурофиаи судӣ мутобиқи талаботи моддаи 92 Сарқонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолат дода мешавад.
Дар моддаи 14 Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи сиёсӣ ва шаҳрвандӣ (с.1966) низ омадааст: «Ҳар як шахс ҳақ дорад ҳангоми баррасӣ намудани айби ба ӯ эълоншуда ҳадди ақал аз ин кафолатҳо дар асоси баробарии пурра бархурдор шавад. Дар ин робита бо сардори шуъбаи умумии суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Эмоммаъдӣ Нигматов ҳамсуҳбат шудем.
Зимни суҳбат мавсуф гуфт, ки моҳияти конститутсионии ин ҳуқуқро ба инобат гирифта, қонунгузор дар моддаи 22 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмини ин ҳуқуқи гумонбаршуда, айбдоршаванда, судшаванда ва маҳкумшударо яке аз асосоҳои қонунгузории мурофиавии ҷиноятӣ муқаррар намуда, маҳрум ва ё маҳдуд кардани онро ҳамчун вайронкунии ҷиддии қонун эътироф кардааст. Аз ин рӯ, бо назардошти моҳияти конститутсионӣ ва мурофиавии ҳуқуқ ба ҳимоя, бо мақсади иҷрои якхела ва дақиқи муқаррароти қонуни мурофиавии ҷиноятӣ ва дигар қонунҳои амалкунандаи ҷумҳурӣ вобаста ба таъмини ҳуқуқ ба ҳимоя ва дар ин замина таъмин намудани он дар амалияи тафтишотӣ ва судии ҷиноятӣ дастури мазкур мавриди таҳия қарор гирифтааст.
Бояд зикр дошт, ки танҳо ба гумонбаршуда фаҳмонидани ин ҳуқуқҳои ӯ кофӣ нест, балки прокурор, муфаттиш ва таҳқиқбаранда бояд моҳияти ҳар яки онҳоро кушода дода, барои аз ҷониби гумонбаршуда амалӣ намудани ин ҳуқуқҳои ӯ бояд тадбирҳои амалӣ андешанд. Аз ҷумла, барои амалӣ кардани ҳуқуқи гумонбаршуда оид ба донистани он, ки барои чӣ гумонбар шудааст, муфаттиш бояд дар протоколи пурсиши гумонбаршуда моҳияти онро дарҷ намояд, барои раддия изҳор намудан  гумонбаршударо бо қарор дар бораи таъсиси гурӯҳи тафтишотӣ шинос намояд, то ки ӯ имконияти бо як ё ҳамаи аъзои гурӯҳи тафтишотию фаврӣ изҳори рад намуданро дошта бошад, аз лаҳзаи воқеан дастгир карда шудани гумонбаршуда ӯро фавран, вале на дертар аз 24 соат пурсиш намояд, нусхаи протоколи дастгиршавиро ба гумонбаршуда диҳад, ӯро бо маводе, ки ба суд барои татбиқи ҳабс нисбат ба ӯ чун чораи пешгирӣ равона шудааст, шинос намояд.
-Бо шарофати соҳибистиқлолии кишвар ва сулҳу субот дар мамлакат мо имсол 20-умин солгарди рўзи Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро ботантана ҷашн мегирем, ки он 6-уми ноябри соли 1994 бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ ҳамчун Сарқонуни давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон қабул гардидааст, -афзуд Эмоммаъдӣ Нигматов, сардори шуъбаи умумии суди ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт.

Май 2, 2014 11:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОГОҲӢ! Аз 27 то 30 июн дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани селҳои хусусияти маҳаллидошта пешгӯӣ мешавад
Дар КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва қабули ташаббуси нави ҷаҳонии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Дар Рашт дар мавзуи «Ваҳдати миллӣ – асоси таҳкими давлатдории тоҷикон» конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Бохтар бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ баргузор гардид
Дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 2-и шаҳри Норак бинои иловагӣ сохта мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Беш аз ду километр роҳи деҳаи Ниликони ноҳияи Рӯдакӣ мумфарш гардид
Дар ҷаласаи 45-уми Шурои идоракунандагони GCF масъалаҳои стратегии марбут ба татбиқи Созишномаи Париж баррасӣ мешаванд
Хизматрасонӣ 24/7: чӣ тавр оператори мобилӣ бо муштариён муошират менамояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад