Ҳ. Музаффаров: Вазифаи мо- танзими бозори меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ
Душанбе, 02.05.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- «Конститутсия ҳамчун бахтномаи миллат ва санади бунёдии сиёсӣ роҳи минбаъдаи пешрафту тараққиёти давлати озоду демократии моро муайян менамояд»,-таъкид сохт Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ 23 апрели соли ҷорӣ.
Дар робита ба ин бо сардори Раёсати бозори меҳнат ва шуғли аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Музаффаров Ҳиматшоҳ Тоҷиддинович ҳамсуҳбат гардидем. Ӯ андешаҳояшро чунин баён кард:
-Дар оғози Паём Сарвари Давлат Эмомалӣ Раҳмон ба зарурати бузургдошти шоистаи 20-умин солгарди Конститутсия (Сарқонун)-и Тоҷикистон, ки имсол ҷашн гирифта мешавад, таъкид намуда, аз солҳои таҳия ва қабули он ва арзишҳои волои дар ин санади тақдирсоз сабтгардида ёдоварӣ кард.
Ҷавҳари асосии Паёми навбатии Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олии кишвар фарогири масоили вобастае мебошад, ки қишрҳои гуногуни ҷомеа буда, бори дигар рукнҳои такондиҳандаи пешрафт, бахусус, ислоҳоти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва таъмини барномаи амнияти озуқавории мамлакатро дар шакли дастур ва барномаи комили амал вазифагузорӣ менамояд, ки саршор аз ғамхорӣ ба мардуми ҷумҳурист.
Дар ин замина, боиси ифтихормандии кормандони соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҷумҳурӣ мегардад, ки дар он масоили танзими бозори меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, тақвият бахшидани муносибатҳои меҳнатӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ бо мақсади ривоҷ додани соҳибкории хурду миёна, такмил додани низоми нави қарздиҳӣ барои соҳибкорӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии низоми андозситонӣ, шароити мусоид барои ҷалби ҳарчи бештари сармоягузориҳо дар самти рушди ҳифзи иҷтимоӣ, тарбияи кадрҳо ва дигар паҳлўҳои иҷтимоии ҷамъият комилан баррасӣ ва таҳлил гаштанд.
Паёми имсолаи Президенти мамлакат аз паёмҳои қаблӣ бо он тафовут дошт, ки дар Паёми имсола Сарвари Давлат ҳамаи масъалаҳои иҷтимоию иқтисодии кишварро тайи 7 соли сипаришуда таҳлили ҳамаҷониба намуда, ҳамзамон оид ба нақшаҳо ва дурнамои рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар дар 7 соли оянда баён дошт.
Аз ҷумла, зикр гардид, ки дар 7 соли гузашта дар ҷумҳурӣ 870 ҳазор ҷойи корӣ муҳайё ва ё барқарор шудааст, ки аз ин 185 ҳазори он ба соли 2013 рост меояд ва тибқи нақшаҳо соли равон дар ҷумҳурӣ 250 ҳазор ҷойи корӣ муҳайё мегардад, аз ҷумла, дар 150 корхонаи нави истеҳсолӣ, ки имсол бояд ба кор дароварда шаванд. Дар ҳамин радиф пешниҳод карда шуд, ки солҳои 2014 — 2020 давраи дастгирии давлатии саноат, соҳибкории хусусӣ ва коркарди ашёи хоми ватанӣ эълон шавад. Дар Паём аз тарафи Сарвари давлат супориш дода шуд, ки дар 7 соли оянда ба фонди аз ҷониби Ҳукумати мамлакат таъсисдодашудаи дастгирии соҳибкорӣ аз ҳисоби буҷет то як миллиард сомонӣ равона шавад. Сарвари мамлакат таъкид кард, ки бештари маблағҳои ин фонд ба дастгирии соҳибкорони истеҳсолӣ дар минтақаҳои дурдасти кўҳистон бояд равона шавад.
Дар ин росто, зарур аст, ки дар давоми 7 соли оянда на камтар аз як миллион нафар шаҳрвандони мамлакат аз курсҳои бозомўзӣ ва такмили ихтисос гузаронида шаванд. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо вазифадоранд, ки бо мақсади татбиқи сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумати мамлакат дар самти таъсиси ҷойҳои нави корӣ ба бахши хусусӣ доир ба ташкили корхонаҳои нави истеҳсолӣ, обёриву азхудкунии заминҳои нав ва рушди кишоварзӣ ҳамаҷониба мусоидат намоянд.
Бояд зикр намуд, ки ҳамчунин дар Паёми солонаи Роҳбари Давлат сиёсати минбаъдаи дохилӣ ва хориҷии мамлакат хеле арзишманд мебошад. Нисбат ба сиёсати хориҷӣ гуфта шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон низ чун солҳои минбаъда сиёсати дарҳои кушодро идома дода, бо ҳамсоягон, бахусус, давлатҳои минтақа, хориҷаи наздик ва дур аз тамоми имкониятҳои корӣ самаранок истифода бурда, онро ба манфиати ҷонибҳо равона хоҳад кард.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






