Ҷаласаи 38-уми Кумитаи мероси умумиҷаҳонӣ дар Доҳа
Душанбе, 27.05.2014 (АМИТ «Ховар»).- Кумитаи мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО аз 15 то 25 июн дар Доҳа (Қатар) дохилшавии 40 номзадро ба рӯйхати мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО муҳокима менамоянд.
Тибқи иттилои ЮНЕСКО, соли ҷорӣ дар қатори дигар кишварҳо дар рӯйхат Роҳи Абрешим: коридори Панҷакент — Самарқанд — Пойкент / Тоҷикистон ва Ӯзбекистон / дохил гардидааст.
Дар чаҳорчӯби ҷаласа ҳамзамон як қатор чорабиниҳо, аз ҷумла, мизи мудаввар дар мавзӯи «Мероси умумиҷаҳонӣ дар Африқо» бо иштироки вазирони давлатҳои Африқо баргузор мегардад. Зимни чорабинии дигаре, бахшида ба шарикӣ дар соҳаи мероси умумиҷаҳонӣ, ки лоиҳаҳои муваффақ оид ба нигоҳдории объектҳои бо мусоидати фонд ва ширкатҳои бахши хусусӣ татбиқ мешаванд, изҳори назар мегарданд .
Дар ҷараёни ҷаласа ба аъзои Кумита хулоса ва тавсияи Форуми ҷавонони ҷаласаи 38 -уми Кумитаи мероси умумиҷаҳонӣ, ки аз 4 то 15 июн дар Қатар баргузор мегардад, пешниҳод менамоянд.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






