Ҷаласаи навбатӣ оид ба рушди милитсия
Душанбе, 19.05.2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода). — Ҳафтаи гузашта дар Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии ВКД бо иштироки вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ҷаласаи навбатии Гурӯҳи корӣ оид ба идораи ислоҳоти милитсия баргузор гардид. Дар ҷаласаи мазкур сафирони Ҷумҳуриҳои Озарбойҷон, Қазоқистон, Ҷумҳурии Федеративии Олмон, Фаронса, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, намояндагии Иттиҳоди Аврупо, муовинони сафирони Иёлоти муттаҳидаи Амрико, Британияи Кабир, корпусҳои дипломатии Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Туркия, Қирғизистон, Ҷопон ва дигар созмонҳои байналмилалии муқими Тоҷикистон иштирок намуданд.
Вазири корҳои дохилӣ Раҳимзода Рамазон Ҳамро гуфт, ки: «Мо имрӯз Шуморо ба он хотир даъват намудем, ки қадамҳои минбаъдаи худро доир ба амалисозии Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкории байни Вазорати корҳои дохилӣ ва Бюрои САҲА дар самти ислоҳоти милитсия мавриди муҳокима қарор диҳем. Дар ин муддат мо бо ҳамроҳии коршиносони миллӣ ва байналмилалӣ «Стратегияи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2013-2020»-ро таҳия намудем, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моҳи марти соли 2013 тасдиқ шуд. Дар асоси стратегия Барномаи ислоҳоти милитсия ва нақшаи амалисозии он дар якҷоягӣ бо аъзои Гурӯҳи корӣ оид ба идораи ислоҳоти милитсия коркард ва мувофиқа гардид. Ман бо қаноатмандӣ мехоҳам ба ҳозирин иттилоъ диҳам, ки 30 апрели соли 2014 дар ҷаласаи охирини Ҳукумат ин ҳуҷҷатҳо тасдиқ шуданд».
Дар ҷараёни ҷаласаи навбатии Гурӯҳи корӣ оид ба идораи ислоҳоти милитсия байни иштирокчиён мубоҳиса ва музокираҳо сурат гирифта, таклифу пешниҳодҳои ҷолиб пешкаш гардиданд.
Ҷаласаи навбатии мазкур дар самти ислоҳоти милитсия ва дастовардҳо барои мақсади асосӣ — ислоҳот ва фаҳмиши ҷамъиятии куллан симои нави ҷомеа, имиҷи корманди милитсия, ки барои расонидани кӯмак ба шаҳрвандон равона гардидааст, заминаи мустаҳкам барои рушди ҳамкориҳои минбаъда хоҳад буд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






