Ҷараён ва натиҷаҳои мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Баҳрайн
Душанбе, 28.05.2014 (АМИТ «Ховар»).- Маросими истиқболи расмии меҳмони олимақом дар назди қасри Суҳайри Подшоҳи Мамлакати Баҳрайн баргузор гардид.Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Подшоҳи Мамлакат шайх Ҳамад ибни Исо оли Халифа истиқбол гирифта, ба болои минбари ифтихорӣ даъват намуд. Маросими истиқболи расмӣ бо саф кашидани ҷузъҳои Горди фахрии Подшоҳ, садо додани оҳанги сурудҳои миллии ду кишвар, гузашт аз назди қатори афсарону сарбозон, арзи эҳтироми меҳмони олимақом ба Парчами давлатии кишвари мизбон ва шиносоӣ бо ҳайатҳои фахрии ду ҷониб ҷараён гирифт.Баррасии масоили вобаста ба муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории ду кишвар нахуст дар музокироти расмии сатҳи олӣ бо иштироки ҳайатҳои васеи ду ҷониб оғоз ёфт.Доир ба густариши робитаҳои сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва фарҳангӣ гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.Масоили вобаста ба ташкил ва густариши ҳамкории гуногунпаҳлӯи Тоҷикистону Мамлакати Баҳрайн, ҳамчунин дар мулоқоти хосаи сарони ду давлат — Эмомалӣ Раҳмон ва шайх Ҳамад ибни Исо оли Халифа баррасӣ шуд.Пас аз анҷоми мулоқоту музокирот миёни ду кишвар 7 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид:Ёддошти тафоҳум дар бораи машваратҳо миёни вазоратҳои корҳои хориҷӣ;Созишнома оид ба алоқаи ҳавоӣ;Ёддошти тафоҳум дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг ва ҳунар;Ёддошти тафоҳум дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи туризм;Созишномаи байниҳукуматӣ доир ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата ва пешгирии саркашӣ аз супоридани андоз аз даромад ва сармоя;Созишномаи байниҳукуматӣ доир ба ташвиқ ва ҳимояи мутақобилаи сармоягузорӣ;Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва техникӣ;Ёддошти тафоҳум дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустӣ.Ҳамчунин Баёнияи муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мамлакати Баҳрайн эълон гардид, ки дар он самтҳои асосӣ ва роҳҳои рушди минбаъдаи муносибот ва ҳамкории ду кишвар дарҷ гардидааст.Дар охир сарони ду давлат бо мукофотҳои олии давлатӣ сарфароз гардонда шуданд.Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо волотарин мукофоти давлатии Баҳрайн “Ал-Қилод ал-Халифӣ”(ордени Подшоҳӣ) сарфароз гардид.Ба Подшоҳи Мамлакати Баҳрайн шайх Ҳамад ибни Исо оли Халифа ордени Исмоили Сомонӣ дараҷаи 1 супурда шуд.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






