Ҷашнвораи донишҷӯёни тоҷик дар шаҳри Ғозиёнтеппа
Душанбе, 05.05.2014. (АМИТ «Ховар, Фарангиз Раҳимова). — Аз 1 то 4 майи соли ҷорӣ дар шаҳри Ғозиёнтеппаи Туркия Ҷашнвораи УШ донишҷӯёни тоҷики муҳассили Туркия баргузор гардид.
Дар ҷашнвора, ки бо ибтикори Сафорати Тоҷикистон дар Туркия роҳандозӣ шуд, беш аз 200 нафар донишҷӯёни тоҷики ҳамаи донишкадаҳои олии Туркия иштирок доштанд.
Дар маросими расмии ин чорабинӣ сафири Тоҷикистон дар Тоҷикистон Фаррух Шарифов, академик ва файласуф Нодир Одилов, нависанда, таърихшинос, дорандаи мукофоти Рӯдакӣ Барот Абдураҳмонов, муовини аввали ҳокими шаҳри Ғозиёнтеппа Маҳмад Тошдуғон, ёвари ректори донишгоҳи «Зирве» Фотеҳ Туремен, директори генералии Маркази таҳсилотии «Шалола» Сабоҳиддин Ғунай ширкат намуданд.
Сафир Фаррух Шарифов меҳмонон ва донишҷӯёни тоҷикро хайра мақдам гуфта, ба намояндагони ҷониби Туркия барои расонидани кӯмак ҷиҳати ташкили ҷашнвора изҳори миннатдорӣ карда, зикр намуд, ки ҷашнвора ба муносибати 20 – солагии Конститутсияи Ҷумиҳурии Тоҷикистон доир шудааст.
Фаррух Шарифов ҳозиронро бо моҳияту мазмуни Қонуни Асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аҳамияти он барои барқароршавии давлати соҳибихтиёри Тоҷикистон шинос карда, зикр намуд, ки дӯстии Тоҷикистону Туркия ҳамеша рушду густариш меёбад.
Муовини раиси шаҳри Ғозиёнтеппа Маҳмад Тошдуғон иштирокдорони ҷашнвораро муборакбод намуда, ба онҳо комёбиҳо орзу кард.
Сабоҳиддин Ғунай зимни суханрониаш ба забони тоҷикӣ иброз дошт, ки халқи тоҷик халқи пурфарҳангу бомаърифат буда, чунин шоирону мутафаккиронро аз қабили Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ, Абӯабдулло Рӯдакӣ, Абуалӣ ибни Сино ва бисёр олимони бузург ба дунё овардааст.
Дар рӯзи аввали ин чорабинӣ байни донишҷӯён муҳокимаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифт.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






