Ҷашнвораи навбатии ҷази мардумӣ дар Душанбе

Май 6, 2014 10:40

Душанбе, 06.05.2014. (АМИТ «Ховар, Марҳабои Азамат). — Аз 15 то 18 майи соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе Ҷашнвораи байналмилалии ҷази мардумӣ баргузор мегардад. Дар ин бора мудири кафедраи санъати мусиқии эстрадии Консерваторияи миллии Тоҷикистон, роҳбарии бадеии Ҷашнвораи ҷази мардумии Душанбе Ҷасур Халилов ба АМИТ «Ховар» хабар дод.Назар ба гуфтаи Ҷасур Халилов, ҳаводорони ҷаз ва худи мутрибон метавонанд аз ин воқеаи калонтарини мусиқии ҷаҳон дар шаҳри Душанбе баҳравар шаванд. «Дар ҳошияи ҷашнвора консертҳо баргузор гардида, мизи мудаввар доир шуда, дар он роҳҳои рушди ҷази мардумӣ мавриди баррасӣ қарор мегиранд. Қобили зикр аст, ки дар ҷашнвора меҳмонон аз Русия, Фаронса, Австрия, Олмон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон ширкат менамоянд», — гуфт роҳбарии бадеии ҷашнвора.

Май 6, 2014 10:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?