Ҷинояткор ба маҳбас кашида шуд
Душанбе, 7.06.2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода). — 26 апрели соли ҷорӣ, тахминан соати 09:00-дақиқа дар канори роҳи мошингарди Чорбоғ-Чағатайи ноҳияи Варзоб, дар даромадгоҳи деҳаи Чағатайи ҳамин ноҳия ҷасади шаҳрванд Раҳмонов Сорбон Саидмухторович, соли таваллудаш 1986, сокини ҷамоати Чорбоғ бо аломатҳои марги маҷбурии захмҳои халандаю буранда дарёфт шуд.
Тавре ки маркази матбуоти ВКД хабар медиҳад, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ муайян шуд, ки шаҳрванд Каримов Раҷаббек Абдуҳанонович, соли таваллудаш 1993, соҳибкор, истиқоматкунандаи деҳаи Чағатайи ноҳияи Варзоб бо шаҳрванд Сорбон Раҳмонов бо сабабе, ки Р.Каримов бо мошинаш оби лойро ба бадани С. Раҳмонов пош додааст, муноқиша кардааст. Раҷаббек Каримов бо корди дар дасташ буда ба бадани Сорбон Раҳмонов якчанд маротиба задааст, ки дар натиҷа охирин ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ҳодисаи мазкур аз ҷониби кормандони мақомоти корҳои дохилӣ Каримов Раҷаббек Абдуҳанонович ҳамчун гумонбар дар ҷинояти куштор дастгир гардида, ба ҳабси пешакӣ гирифта шуд. Алҳол нисбат ба номбурда мутобиқи моддаи 104 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






