18 май — Рӯзи байналмилалии осорхонаҳо

Май 15, 2014 17:05

Душанбе, 15.05.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-Бахшида ба Рӯзи осорхонаҳо, ки 18 май ҷашн гирифта мешавад, дар Осорхонаи ҷумҳуриявии таърихӣ-кишваршиносии ба номи Абӯабдулло Рӯдакии шаҳри Панҷакент  имрӯз  бо иштироки наврасон маҳфили саволу ҷавоб бо номи «Кӣ дуруст ҷавоб медиҳад?» доир гардида, ғолибон бо туҳфаҳои хотиравии роҳбарияти осорхона сарфароз гардиданд.  16 май бо ширкати донишҷӯёни Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент конфронси илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Саразм сарзамини аҷдодист» баргузор мегардад.
Инчунин рӯзи 17 май бо иштироки собиқадорону кормандони муассиса чорабинии идона доир гардида, ба 11 нафар собиқадори соҳа мукофоту туҳфаҳои роҳбарият супорида мешаванд.
Аз ҷониби кормандони илмии ин осорхона рӯзи 18 май барои тамошобинон сайри осорхона гузаронида мешавад. Ҳамзамон дар ин рӯз ғолибони озмуни «Беҳтарин осорхонаи мактабӣ» муайян гардида, бо туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз мегарданд. Дастури методии «Роҳҳои амалигардонии таълим дар осорхона» низ дастраси ширкаткунандагон мегардад.
 
Инчунин дар назар аст, ки бахшида ба рӯзи  Рӯзи байналмилалии осорхонаҳо 18 май дар Осорхонаи ҷумҳуриявии фарҳанги мусиқии ба номи Зиёдулло Шаҳидӣ мизи мудаввар доир шуда, дар он масъалаи робитаҳои Осорхонаи ҷумҳуриявии фарҳанги мусиқии ба номи Зиёдулло Шаҳидӣ бо осорхонаҳои ҷаҳон ва кишварҳои Скандинавия (Норвегия) мувофиқи созишномаи фарҳангии Тоҷикистон ва Норвегия матраҳ гарданд.
 
 

Май 15, 2014 17:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Занони тоҷик бо ҳунари порадӯзӣ хона ва ҷиҳози арӯсонро оро медиҳанд
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст