5 июн- Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи муҳити зист
Душанбе, 29.05.2014.(АМИТ “Марзия Саидзода).-5 июн дар саросари ҷаҳон Рӯзи байналмилалии ҳифзи муҳити зист таҷлил мегардад. Ин сана чун дигар кишварҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дорои захираҳои бои табиӣ, табиати нотакрор, манзараҳои ҷолиб ва кӯҳҳои баланд аст, ба таври хос таҷлил мегардад. Меҳвари таҷлили Рӯзи байналмилалии ҳифзи муҳити зист дар пойтахти кишвар-шаҳри Душанбе майдони назди “Наврӯзгоҳи пойтахт” буда, дар ин ҷо чорабиниҳои гуногуни шаҳрдорӣ гузаронида мешаванд.
Маҳмадсаид Убайдуллоев- раиси шаҳри Душанбе дар иртибот ба ин сана қарори марбута ба тасвиб расонд, ки тибқи он раисони ноҳияҳои Душанбе ва масъулини сохторҳои шаҳрӣ муваззаф гардидаанд, ки бобати дар сатҳи баланд таҷлил намудани Рӯзи байналмилалии ҳифзи муҳити зист ва татбиқи барномаҳои экологии шаҳрдорӣ тадбирҳои мушаххас андешанд.
Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи муҳити зист 42 сол инҷониб дар сайёра таҷлил мегардад. Ин сана дар асоси Эъломияи Ассамблеяи кулли Созмони Милали Муттаҳид /СММ/ дар доираи баргузории Конфронси байналмилалии СММ вобаста ба мушкилоти муҳити зисти инсон, ки соли 1972 дар пойтахти Шветсия- Стокголм доир шуд, эълон гардид. Эъломияи мазкур дорои 26 асос буда, он тамоми давлатҳои узви СММ-ро уҳдадор намудааст, ки фаъолияти худро ба самти ҳифзи муҳити зист, истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ равона созанд. Ҳамзамон дар ин санад омадааст, ки ҳифзи муҳити зист барои аҳолии кураи замин ва насли ояндаи сайёра вазифаи аввалиндараҷаи аҳли башар аст.9.35.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






