Ахбори дохили кишвар дар чанд сатр
Душанбе, 20.05.2014. (АМИТ «Ховар»).- Имрӯз Паёми табрикии Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рўзи ҷавонон ирсол гардид, ки дар он Сарвари Давлат ҷавононро бо идашон табрик гуфта, ба илму касбомўзӣ, варзиш ва таблиғи тарзи ҳаёти солим даъват намудааст.
+++++++++++++++++++++
Имрӯз зимни машварати кории Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот масоили зери назорати қатъӣ гирифтани вазъи ҷиноӣ дар шаҳри Хоруғ, дастгир намудани қочоқчиёни маводи мухаддир ва муътадилсозии вазъият баррасӣ шуданд.
+++++++++++++++++++++
Имрўз дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти ҶТ дар мавзӯи “Нақш ва ҷойгоҳи ҷавонон дар таҳкими арзишҳои милливу умумибашарӣ” мизи гирд доир гашт.
+++++++++++++++++++++
Шаҳрдории Душанбе дар иртибот ба таҷлили сазовори Рӯзи марзбонон -28 май дар якчанд қисми низомии марбут ба Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии ҶТ барномаҳои фарҳангию маърифатӣ ташкил мекунад.
+++++++++++++++++++++
Пагоҳ бахшида ба Рӯзи ҷавонон соати 5:00 -и субҳ аз чор ноҳияи пойтахт 250 нафарӣ ҷавонони гуногункасб бо шиору овезаҳо ҷониби Маҷмааи меъмории ваҳдат ва эҳёи Тоҷикистон раҳсипор гардида, дар назди муҷассамаи асосгузори нахустин давлати тоҷикон -шоҳ Исмоили Сомонӣ сарҷамъ меоянд.
+++++++++++++++++++++
Абдураҳмон Қодирӣ, раиси вилояти Суғд бо мақсади ҳавасмандкунии варзишгарон ваъда додааст, ки барандагони медалҳои Бозиҳои олимпиеро, ки соли 2016 дар Рио-де-Женейрои Бразилия доир мегарданд, бо туҳфаҳои арзанда — манзил ва мошини сабукрав қадршиносӣ мекунад.
+++++++++++++++++++++
Дар Академияи Вазорати корҳои дохилӣ дар мавзӯи «Тайёр намудани кадрҳои роҳбарикунанда барои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ: таҷрибаи политсияи Бавария» бо иштироки намояндагони Хазинаи «Ҳанс Зейдел», мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, устодон ва курсантони Академия машварат баргузор гардид.
+++++++++++++++++++++
Дар Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар мавзӯи «Пешгирии қонуншиканӣ, ҷинояткорӣ ва омилҳои ба он мусоидаткунанда дар байни ҷавонону ноболиғон» 21 май ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид.
+++++++++++++++++++++
Дирӯз зиёда аз 100 ҷавон аз шаҳри Қӯрғонтеппа аз тариқи роҳпаймоӣ вориди ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон шуда, дар ҳамоиши ҷавонони бохтарӣ бахшида ба Рӯзи ҷавонон ширкат карданд.
+++++++++++++++++++++
Дар Кохи «Ҷомӣ»-и пойтахт ҷашнвораи ҷумҳуриявии сурудҳои ватандӯстона бо номи «Суруди сарбоз» доир шуд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст






