Ахбори дохили кишвар дар чанд сатр

Май 22, 2014 16:33

Душанбе, 20.05.2014. (АМИТ «Ховар»).- Имрӯз Паёми табрикии Президенти  Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рўзи ҷавонон  ирсол гардид, ки дар он Сарвари Давлат ҷавононро бо идашон табрик гуфта, ба илму касбомўзӣ, варзиш ва таблиғи тарзи ҳаёти солим даъват намудааст.
+++++++++++++++++++++
Имрӯз зимни машварати кории Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот масоили зери назорати қатъӣ гирифтани вазъи ҷиноӣ дар шаҳри Хоруғ, дастгир намудани қочоқчиёни маводи мухаддир ва муътадилсозии вазъият баррасӣ шуданд.
+++++++++++++++++++++
Имрўз дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти ҶТ дар мавзӯи “Нақш ва ҷойгоҳи ҷавонон дар таҳкими арзишҳои милливу умумибашарӣ” мизи гирд доир гашт.
+++++++++++++++++++++
Шаҳрдории Душанбе дар иртибот ба таҷлили сазовори Рӯзи марзбонон -28 май дар якчанд қисми  низомии марбут ба Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии ҶТ барномаҳои фарҳангию маърифатӣ ташкил мекунад.
+++++++++++++++++++++
Пагоҳ бахшида ба Рӯзи ҷавонон соати 5:00 -и субҳ аз чор ноҳияи пойтахт 250 нафарӣ ҷавонони гуногункасб бо шиору овезаҳо ҷониби Маҷмааи меъмории ваҳдат ва эҳёи Тоҷикистон раҳсипор гардида, дар назди  муҷассамаи асосгузори нахустин давлати тоҷикон -шоҳ Исмоили Сомонӣ сарҷамъ меоянд.
+++++++++++++++++++++
Абдураҳмон Қодирӣ, раиси вилояти Суғд бо мақсади ҳавасмандкунии варзишгарон ваъда додааст, ки барандагони медалҳои Бозиҳои олимпиеро, ки соли 2016 дар Рио-де-Женейрои Бразилия доир мегарданд, бо туҳфаҳои арзанда — манзил ва мошини сабукрав қадршиносӣ мекунад.
+++++++++++++++++++++
Дар Академияи Вазорати корҳои дохилӣ дар мавзӯи «Тайёр намудани кадрҳои роҳбарикунанда барои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ: таҷрибаи политсияи Бавария» бо иштироки намояндагони Хазинаи «Ҳанс Зейдел», мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, устодон ва курсантони Академия машварат баргузор гардид.
+++++++++++++++++++++
Дар Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар мавзӯи «Пешгирии қонуншиканӣ, ҷинояткорӣ ва омилҳои ба он мусоидаткунанда дар байни ҷавонону ноболиғон» 21 май ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид.
+++++++++++++++++++++
Дирӯз зиёда аз 100 ҷавон аз шаҳри Қӯрғонтеппа аз тариқи роҳпаймоӣ вориди ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон шуда, дар ҳамоиши ҷавонони бохтарӣ бахшида ба Рӯзи ҷавонон ширкат карданд.
+++++++++++++++++++++
Дар Кохи «Ҷомӣ»-и пойтахт ҷашнвораи ҷумҳуриявии сурудҳои ватандӯстона бо номи «Суруди сарбоз» доир шуд.
 
 
 

Май 22, 2014 16:33

Хабарҳои дигари ин бахш

ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини Ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳияи Дӯстӣ аз як замин се навъи маҳсулот ҷамъоварӣ мекунад
Дар Тоҷикистон мусобиқаи «МегаФон Life дар сабки футбол» анҷом ёфт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе ду маркази нави илмӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Ивановои Федератсияи Русия зиёда аз 600 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС»-ро 127 донишҷӯ хатм намуд
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 14 август дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориро дар соҳаи энергетика ва захираҳои об густариш медиҳанд