Ахбори дохили кишвар дар чанд сатр
Душанбе, 20.05.2014. (АМИТ «Ховар»).- Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар майдони Дӯстии пойтахт мардуми Тоҷикистонро бо солгарди 20-уми таъсиси Қӯшунҳои сарҳадии ҷумҳурӣ табрик гуфта, гузашти низомии ба ин муносибат оросташударо назорат намуд.
+++++++++++++++++++++
Имрӯз Сарвари Давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар маросими гузашти низомӣ ба ифтихори 20-солагии таъсиси Қӯшунҳои сарҳадӣ гуфт: яке аз нишонаҳои муҳимтарини ҳар як давлати соҳибистиқлол мавҷудияти сарҳадоти муайяншудаи он мебошад, ки ҳар кишвари мустақил онро чун рамзи муқаддаси миллӣ ва рукни асосии давлатдорӣ ҳифзу нигаҳбонӣ мекунад.
+++++++++++++++++++++
Дар Қасри Сафеди Иёлоти Муттаҳидаи Амрико маросими супоридани Эътимодномаи Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ИМА Фарҳод Салим ба Президенти ИМА Барак Обама барпо гардид.
+++++++++++++++++++++
26 май тавсеаи равобити судманди гуногунсоҳа, хусусан парлумонии Тоҷикистону Покистон дар меҳвари мулоқоти Шукурҷон Зуҳуров-раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сардор Аёз Содиқ-раиси Ассамблеяи миллии Ҷумҳурии Исломии Покистон, ки бо сафари расмӣ дар Душанбест, қарор гирифт.
+++++++++++++++++++++
Зимни вохӯрии директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Назаров бо намояндаи Маркази тадқиқотии шоҳигарии Британияи Кабир Аннет Бор вазъи вобаста ба маводи нашъаовар, тамоюли паст рафтани миқдори мусодираи героин ва афзудани мусодираи ҳашиш дар Тоҷикистон баррасӣ шуд.
+++++++++++++++++++++
Намояндаи Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх Кристин Берлӣ бо сафари корӣ 25 май вориди Тоҷикистон гашт.
+++++++++++++++++++++
28 майи соли равон вохӯрии доираҳои соҳибкории вилояти Шэнсии Чин ва Тоҷикистон баргузор мегардад.
+++++++++++++++++++++
Дар чор моҳи соли ҷорӣ дар ташкилоту муассисаҳои ноҳияи Восеъ 141 ҷойи нави корӣ ташкил шуд,
+++++++++++++++++++++
Имрӯз, 26 май, Рӯзҳои фарҳанги маънавии Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфтанд, ки мақсад аз он рушду таҳкими минбаъдаи муносибатҳои фарҳангии Тоҷикистону Федератсияи Русия аст.
+++++++++++++++++++++
Семинари омӯзишӣ барои маъмурони имтиҳоноти марказонидашудаи тестӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии вилояти Суғд 26 май оғоз ёфт.








«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад






