Ахбори дохили кишвар дар чанд сатр

Май 26, 2014 16:45

Душанбе, 20.05.2014. (АМИТ «Ховар»).- Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар майдони Дӯстии пойтахт мардуми Тоҷикистонро бо солгарди 20-уми таъсиси Қӯшунҳои сарҳадии ҷумҳурӣ табрик гуфта, гузашти низомии ба ин муносибат оросташударо назорат намуд.
+++++++++++++++++++++
Имрӯз Сарвари Давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар маросими гузашти низомӣ ба ифтихори 20-солагии таъсиси Қӯшунҳои сарҳадӣ гуфт: яке аз нишонаҳои муҳимтарини ҳар як давлати соҳибистиқлол мавҷудияти сарҳадоти муайяншудаи он мебошад, ки ҳар кишвари мустақил онро чун рамзи муқаддаси миллӣ ва рукни асосии давлатдорӣ ҳифзу нигаҳбонӣ мекунад.
+++++++++++++++++++++
Дар Қасри Сафеди  Иёлоти Муттаҳидаи Амрико маросими супоридани Эътимодномаи Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ИМА Фарҳод Салим ба Президенти ИМА Барак Обама барпо гардид.
+++++++++++++++++++++
26 май тавсеаи равобити судманди гуногунсоҳа, хусусан парлумонии Тоҷикистону Покистон дар меҳвари мулоқоти Шукурҷон Зуҳуров-раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сардор Аёз Содиқ-раиси Ассамблеяи миллии Ҷумҳурии Исломии Покистон, ки бо сафари расмӣ дар Душанбест, қарор гирифт.
+++++++++++++++++++++
Зимни вохӯрии директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Назаров бо намояндаи Маркази тадқиқотии шоҳигарии Британияи Кабир Аннет Бор вазъи вобаста ба маводи нашъаовар, тамоюли паст рафтани миқдори мусодираи героин ва афзудани мусодираи ҳашиш дар Тоҷикистон баррасӣ шуд. 
+++++++++++++++++++++
Намояндаи Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх Кристин Берлӣ  бо сафари корӣ 25 май вориди Тоҷикистон гашт.
 +++++++++++++++++++++
28 майи соли равон вохӯрии доираҳои соҳибкории вилояти Шэнсии Чин ва Тоҷикистон баргузор мегардад. 
+++++++++++++++++++++
 Дар чор моҳи соли ҷорӣ дар ташкилоту  муассисаҳои ноҳияи Восеъ 141 ҷойи нави корӣ  ташкил шуд,
+++++++++++++++++++++
Имрӯз, 26 май,  Рӯзҳои  фарҳанги маънавии Федератсияи  Русия  дар  Ҷумҳурии  Тоҷикистон оғоз  ёфтанд, ки  мақсад  аз  он рушду  таҳкими  минбаъдаи  муносибатҳои фарҳангии Тоҷикистону  Федератсияи  Русия   аст.
+++++++++++++++++++++
Семинари омӯзишӣ барои маъмурони имтиҳоноти марказонидашудаи тестӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии вилояти Суғд 26 май оғоз ёфт.
 
 
 

Май 26, 2014 16:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд