Ализода савганд ёд кард

Май 21, 2014 11:56

              Душанбе, 21.05.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Зариф Ализода, ки ҳафтаи сипаригардида бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва ризоияти Маҷлиси намояндагон барои муҳлати навбатӣ Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон /Обдусмен/ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардид, 21 май дар назди вакилони Маҷлиси намояндагон савганд ёд кард. 
       Мавсуф гуфт, ки: “Савганд ёд мекунам, ки ҳуқуқу озодии инсон ва шаҳрвандро ҳимоя намуда, уҳдадориҳои ба ман ҳамчун Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон вогузоршударо дар асоси Конститутсия /Сарқонун/ ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бовиҷдонона ва содиқона иҷро намоям”.
         Шукурҷон Зуҳуров -раиси Маҷлиси намояндагон ба Зариф Ализода дар ин вазифаи пурмасъулият барори кор таманно карда, гуфт, ки бо  савганд ёд кардан масъулияти бузургро шумо нисбат ба  дифоъ аз ҳуқуқи шаҳрвандони Тоҷикистон ба зимма гирифтед. Дар ин росто Зариф Ализода афзуд, ки саъй менамояд, то тамоми таҷриба ва малакаи худро  барои  ҳифзу ҳимояи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон сафарбар намуда, ба халқу давлат содиқона хизмат намояд.

Май 21, 2014 11:56

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад