Амалиёти зиддинашъамандии «Роҳи қапқони ҷанубӣ»

Май 27, 2014 16:20

Душанбе, 27.05.2014. (АМИТ «Ховар», Некрӯзи Муҳаммадсодиқ).- Имрӯз,  27 май  дар машқгоҳи «Лоҳур» ҷамъбасти натиҷаҳои амалиёти махсуси зиддинашъамандии маҳаллии «Роҳи қапқони ҷанубӣ» баргузор гардид, ки он аз 20 то 25 майи соли 2014 дар Тоҷикистон идома дошт. Дар маросими ҷамъбасти натиҷаҳо муовини директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти кишвар полковник Маҳмудов Х.Х., директори Хадамоти федеролии Русия оид ба назорати гардиши маводи мухаддир Виктор Иванов, котиби генералии СААД Николай Бордюжа иштирок намуданд.
Раёсати кофтукови ҷиноии штаби ҳамоҳангсози байналмилалӣ оид ба роҳбарии амалиёт дар асоси Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Тоҷикистон кушода шуд, ки ба ҳайати он намояндагони Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон шомиланд.
Ҳадафи амалиёт ҳалли вазифаҳои амалӣ оид ба пойдории вазъи нашъамандӣ дар минтақаҳои Осиёи Марказӣ, дар навбати аввал дар Тоҷикистон, пешгирӣ намудани фаъолияти гурӯҳҳои нашъаҷаллоби фаромиллӣ, ҳудуди истифодашудаи Тоҷикистон барои қочоқи маводи мухаддири Афғонистон ба ҳудуди давлатҳои аъзои СААД, аз  ҷумла кишварҳои иштирокчии Иттиҳоди гумрукӣ мебошанд.
Ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишварҳои иштирокчӣ муяссар гардид, ки роҳҳои интиқоли ғайриқонунии маводи мухаддирро  маҳкам намоянд. Аз гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир 12 тоннаю 450 кг нашъа  мусодира гардид, ки  10 тоннаю 324 кг-и онро афюн, 902 кг ҳашиш , беш аз 425 кг героин, 19 кг маводи мухаддири синтетикӣ, 669 кг-ро марихуана ташкил медиҳад.

Май 27, 2014 16:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст