Анҷумани омӯзгорони забони олмонӣ дар Донишгоҳи омӯзгорӣ
Душанбе, 17.05.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-Дирӯз дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Анҷумани 9-уми омӯзгорони забони олмонӣ баргузор гардид, ки дар он Сафири Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар Тоҷикистон Холгер Греен ширкат намуд. Тибқи иттилои котиби матбуоти донишгоҳ Бахтиёри Абдураҳим, қабл аз оғози ҳамоиш сафирро ректори донишгоҳ Абдуҷаббор Раҳмонов ба ҳузур пазируфта, перомуни равобити ҳамкорӣ ва густариши он суҳбат орост. Ӯ, аз ҷумла, изҳор дошт, ки бо дастгирии Сафорати Олмон ба ҳукми анъана даромада, ки ҳамасола Анҷумани омӯзгорони забони олмонӣ бо шаҳомати хосса таҷлил гардад. Дар донишгоҳи мо махсус факултае вуҷуд дорад, ки ба донишҷӯён забони олмониро меомӯзонад. Боиси фараҳмандист, ки хоҳишмандони омӯзиши ин забон ниҳоят зиёданд.Зимни мулоқот сафир Холгер Греен барои истиқболи гарму самимӣ изҳори миннатдорӣ намуда, таъкид дошт, ки ин нахустин боздиди ӯ аз Донишгоҳи омӯзгорӣ аст ва итминони комил дорад, ки ниҳоӣ нахоҳад буд.Сипас, қисми ифтитоҳии Анҷумани 9-уми омӯзгорони забони олмонӣ бо ҳузури беш аз 150 муаллими забони олмонӣ аз макотиби олӣ ва миёнаи мамлакат ба кори худ шуруъ намуд. Мавриди зикр аст, ки дар ҳамоиш, ҳамчунин, директори идораи ҳамкориҳои Швейтсария Петер Микула, роҳбари бахши забон дар Институти ба номи Ҳёте (Тошканд) Фредерике Мёшел, роҳбари Маркази иттилоотии хадамоти DAAD Артур Рапп, профессори Донишгоҳи Дуисбург-Эссен Рупрехт Баур, намояндаи Вазорати Федералии Австрия доир ба маориф ва зан Клеменс Тонзерн ва меҳмонони дигар аз хориҷи кишвар шикар варзиданд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






