Аудиторҳо оид ба амалиёти шубҳанок иттилоъ ироа менамоянд

Май 30, 2014 15:12

        Душанбе, 30.05.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Минбаъд  аудиторҳо уҳдадоранд, ки доир ба аҳд ва амалиёти шубҳанок ба мақомоти ваколатдори муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои  бо роҳи ҷиноят ба дастоварда ва маблағгузории терроризм, ки дар натиҷаи гузаронидани фаъолияти аудиторӣ ошкор мешаванд, иттилоъ диҳанд. Дар ин росто 30 май палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон-Маҷлиси намояндагон ба  лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти аудиторӣ» иловаҳо ворид намуд.
      Ҷамшед Юсуфиён -муовини аввали раиси Бонки миллии Тоҷикистон ва Сафаралӣ Гулов- муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия лоиҳаи қонуни мазкурро дар назди вакилони Парлумон тавзеҳ доданд. Зикр шуд, ки  иловаҳо ба  қонуни мазкур ҷиҳати иҷрои тавсияҳои гурӯҳи татбиқи чораҳои молиявӣ, муқовимат ба софкории пул (ФАТФ), нақшаи чорабиниҳо оид ба мутобиқгардони  қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тавсияҳои ФАТФ, инчунин «Барномаи давлатии татбиқи Консепсияи пешгуии инкишофи  қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи сохтори давлатӣ, ҳифзи ҳуқуқ, мудофиа ва амният барои  солҳои 2012-2015» таҳия шудааст. 
          Тоҷикистон баъд  аз узвият ба гурӯҳи  АвруОсиёии татбиқи  чорабиниҳои молиявии муқовимат ба софкории  пул қонуни соҳавиро қабул намуда, ҳамзамон як силсила  санадҳои  қонунгузориро ба талаботи стандартҳои  байналмилалӣ мутобиқ намуд. Лоиҳаи  қонуни мазкур бо назардошти стандартҳои гурӯҳи татбиқи чораҳои молиявӣ  ба софкории   пул омода гардида, қабули он ба тақвияти низоми муқовимат ба софкории пул ва мубориза ба маблағгузории терроризм нигаронида шудааст. 

Май 30, 2014 15:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст