Баргузории чорабинии идона дар қисми ҳарбӣ
Хуҷанд, 29.05.2014. (АМИТ “Ховар”, Абдуаҳад Шарифзода).-28 май дар қисми ҳарбии 2601 Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вокеъ дар шаҳри Чкалов бахшида ба 20-солагии таъсиси Қӯшунҳои сарҳадӣ чорабинии идона баргузор шуд.
Дар чорабинии мазкур роҳбарияти шаҳри Чкалов, намояндагони сохторҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, собиқадорони Қӯшунҳои сарҳадӣ ва меҳмонон иштирок доштанд.
Иштирокдорони ҳамоиш сарбозону афсарони шуҷои Ватанро бо Рӯзи сарҳадбонон шодбош гуфта, дар самти ҳимояи марзу буми Ватан ба онон бурдбориву комёбиҳо таманно намуданд.
Дар хатми чорабинӣ як гурӯҳ сарбозону афсарон бо рутбаҳои нави ҳарбӣ, медал ва ифтихорномаҳо мукофонида шуданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






