«Барои иродаи матин ба ғалаба»-ҷоиза ба Хуршед
Душанбе, 20.05.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). -Дар мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштини тарзи дзюдо, ки рӯзҳои 17-18 майи соли равон дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия баргузор гардид, варзишгарон аз Ҷумҳурии Тоҷикистон низ иштирок намуданд.
Дастпарвари Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ Маҷидов Хуршед Ҳотамович дар вазни +90 килограмм баромад намуда, соҳиби ҷойи аввал ва медали тилло гардид. Ҳамчунин ӯ ба гирифтани ҷоизаи «Барои иродаи матин ба ғалаба» мушарраф шуд.
Дар ин мусобиқаи сатҳи байналмилалӣ варзишгарон аз 10 давлати дунё ва шаҳрҳои Федератсияи Русия иштирок намуда, барои гирифтани ҷойҳои намоён ҷаҳду талош варзиданд.
Хуршед Маҷидов хонандаи синфи 10-уми литсеи инноватсионӣ дар назди Донишкадаи технологии Тоҷикистон мебошад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад






