Баррасии ҳамкориҳои Тоҷикистону Қирғизистон

Май 13, 2014 17:02

Душанбе, 13.05.2014 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).-Имрўз  Сарвазири мамлакат Қоҳир  Расулзода бо ноиби Сарвазири Ҷумҳурии Қирғизистон Абдураҳмон Маматалиев, ки ҷиҳати  иштирок дар даври навбатии ҷаласаи машваратии  гурӯҳи   байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон дар шаҳри Душанбе қарор дорад, мулоқот кард.
Дар мулоқот  масоили рўзномаи ҷаласаи навбатии гурӯҳҳои ҳукуматии ду давлат доир ба муайянсозӣ ва аломатгузории марзи давлатӣ, таҳкими робитаҳои наздисарҳадӣ, пешгирӣ ва бартарафсозии мушкилоту ихтилофоти  марзи ду давлат, сохтмони роҳу кӯпрукҳо ва рушди робитаҳои дўстона дар соҳаи нақлиёт ва рафтуои бемамониати шаҳрвандон,  ҳамчунин масъалаи беҳтар гардонидани кори комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ   мавриди баррасӣ қарор дода шуданд. 
Тавре ки таъкид шуд, Тоҷикистонро бо  Қирғизистон робитаҳои неки ҳамсоягӣ бо ҳам мепайванданд ва ҳар ду кишвар ба таҳкиму тақвияти ҳамкориҳои байнидавлатию байниҳукуматӣ бештар ҳавасмандӣ зоҳир менамоянд.
Дар мулоқот ҳамзамон масоили саҳмгузорӣ ва ҳамгироии  ду давлат дар татбиқи лоиҳаҳои бузурги  минтақавӣ, аз ҷумла сохтмони роҳҳои оҳан ва хаттҳои интиқоли барқи байнидавлатӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
 
 
 
 

Май 13, 2014 17:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд