Баррасии ҳолати мониторинги захираҳои об

Май 27, 2014 14:07

Душанбе, 27.05.2014. (АМИТ «Ховар», Назири Назир).-Чанд рӯз қабл вохўрии муовини раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Ҷумҳурии Тоҷикистон О. Шарифова ва коршиносони кумита бо гурӯҳи намояндагони Пажӯҳишгоҳи муҳити зисти Финляндия баргузор гардид. Мақсади вохўрӣ аз рушди  ҳамкориҳои дуҷонибаи соҳавӣ байни Финландия ва Тоҷикистон  иборат буд. 
Финляндия ба амалишавии «Барнома оид ба расонидани кумаки амалӣ ба ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон дар соҳаи идоракунии захираҳои об» шурўъ намудааст. Дар доираи барнома баланд бардоштани иқтидори  сатҳи мақомоти давлатӣ дар соҳаи назорати ҳаҷм ва сифати захираҳои об ба нақша гирифта  шудааст. Ҳангоми вохўрӣ афзалиятҳои стратегӣ оид ба мониторинги захираҳои об, ҳолати мониторинги захираҳои об ва нақшаҳои оянда дар самти мазкур муҳокима шуданд.
 

Май 27, 2014 14:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст