Баррасии масоили ҳамкории Беларусу Тоҷикистон

Май 2, 2014 14:40

Душанбе, 02.05.2014. (АМИТ «Ховар). —  Имрӯз  дар  шаҳри  Минск  ҷаласаи нӯҳуми  Комиссияи байниҳукуматии  Беларусу  Тоҷикистон  оид ба  масоили   ҳамкории  тиҷорати   иқтисодӣ  баргузор  мегардад.
Роҳбарии ҳайати  ҳукуматии  Ҷумҳурии  Тоҷикистонро  вазири  кишоварзӣ  Қосим  Раҳбар  ба  ӯҳда  дорад.
Дар  ҷараёни  ҷаласа  муҳокимаи  вазъу  дурнамои  ҳамкории  тиҷоратию  иқтисодии байни  Беларус ва  Тоҷикистон,  ҳамкорӣ  дар  бахшҳои  кишоварзӣ,  кооператсия ва фурӯши воситаҳои  нақлиёту  сохтмон, тандурустӣ,  дорусозӣ,  ҳамкории байниминтақавӣ ва фаъолияти  аҳли тиҷорат,  ҳамчунин  ҳамкорӣ  дар  бахши  гуманитарӣ  дар  назар  аст.
 

Май 2, 2014 14:40

Хабарҳои дигари ин бахш