Баррасии роҳҳои ҷалби сармоя баҳри истеҳсоли металон
Душанбе, 29.04.2014. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Бо ибтикори Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 майи соли равон дар Душанбе мизи мудаввар дар мавзӯи “Метанол — сўзишвории алтернативии экологӣ ва роҳҳои ҷалби сармоя баҳри истеҳсоли ин сӯзишворӣ” бо иштироки Мудири департаменти робитаҳо бо сохторҳои давлатӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятии Пажӯҳишгоҳи метаноли давлати Сингапур Доминик Лавин ва намояндагони мақомоти дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар чорабинӣ масъалаҳои истеҳсоли металон ҳамчун сӯзишворӣ аз ангишт, газ, партовҳои сахти маишӣ баррасӣ гардиданд.
Бо назардошти он ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои захираи калони ангишт аст, суҳбат бештар дар доираи чӣ тавр аз ангишт коркард ва истеҳсол намудани металон сурат гирифт. Таҷрибаи мамлакатҳои пешрафтае, ки метанолро ҳамчун сӯзишворӣ истифода мебаранд, аз ҷумла ИМА, Чин ва Қазоқистон мавриди муҳокима қарор гирифт. Бо истифода аз метанол нархи маҳсулоти анъанавии сўзишворӣ, аз ҷумла бензин дар ҷумҳурӣ то андозае коҳиш хоҳад ёфт.
Дар фарҷоми ҷамъомад иштирокдорон изҳори қаноатмандӣ намуда, барои истеҳсоли металон дар ҷумҳурӣ бо ҷалби сармоягузории хориҷӣ ибрози ақида намуданд. Кумита дар навбати худ минбаъд барои ҷалби сармоя ҷиҳати истеҳсоли сӯзишвории метанол аз ангишт ҳамкориҳоро бо ташкилотҳои ҳавасманд ҷоннок хоҳад кард.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






