Базми «Чор девон»-и Ӯлмас Ҷамол
Душанбе, 16.05.2014 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).-Пагоҳ,17-уми май дар толори Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон базми шеъру наво таҳти унвони «Чор девон» баргузор мешавад.
Чорабинии мазкур ба 80-солагии зодрӯз ва фаъолияти эҷодии шоири шинохтаи ӯзбектабори Тоҷикистон Ӯлмас Ҷамол бахшида мешавад.
Ӯлмас Ҷамол, шоири ӯзбектабори Тоҷикистон фаъолияташро аз замони Шӯравӣ сар карда, солҳо боз дар муҳити адабии Тоҷикистон ба ҳайси раиси Шӯрои адабиёти ӯзбекзабони Тоҷикистон адои вазифа мекунад.
Ӯлмас Ҷамол баъди хатми факултаи таъриху филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон фаъолияти кориашро ба сифати омӯзгор, рӯзноманигор дар шаҳри Регар (имрӯза Турсунзода), радио ва телевизиони ҷумҳурӣ оғоз карда, аз соли 1963 то имрӯз дар собиқ рӯзномаи «Совет Тожикистони» (ҳозира «Халқ овози») пурсамар заҳмат мекашад.
Ӯлмас Ҷамол шоир, носир, тарҷумон ва рӯзноманигори маъруф буда, дар баробари рӯзноманигорӣ дар рушди адабиёт низ хизматҳои арзанда кардааст. Аз соли 1969 то кунун беш аз 20 китоби ашъор ва се девон бо номҳои «Сурур», «Масрур» ва «Манзур» ба табъ расидаанд.
Ӯлмас Ҷамол донандаи хуби забони тоҷикии форсӣ буда, дар тарҷумаи ашъори шоирони классик ва муосири мо ба забони ӯзбекӣ маҳорати хуб нишон додааст.
Хидматҳои устод Ӯлмас Ҷамол бо ордени «Дӯстии халқҳо», унвони «Журналисти шоистаи Тоҷикистон» ва Ҷоизаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ қадрдонӣ шудаанд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






