Беҳтар гардидани фазои сармоягузорӣ дар бахши туризм дар ҶТ

Май 2, 2014 11:58

Душанбе, 02.05.2014. (АМИТ «Ховар»,Фарзона Достонзода). — Дар ҷаласаи навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахши туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани нишондиҳандаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳисоботи «Пешбурди соҳибкорӣ»-и Бонки ҷаҳонӣ» тасдиқ гардид.
Тавре ки аз Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, мақсади асосии татбиқи нақшаи чорабиниҳои мазкур беҳтар намудани фазои соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ дар бахшҳои гуногуни иқтисодиёт тавассути содда гардонидани оғози фаъолияти соҳибкорӣ, дастрас намудани иҷозатҳо, бақайдгирии моликият, дастрасӣ ба захираҳои қарзӣ, ҳимояи сармоягузорон, маъмурикунонии андоз, аз байн бурдани баъзе монеаҳои сунъӣ ба шумор меравад, ки сари вақт амалӣ намудани онҳо, дар навбати худ нишондиҳандаҳои байналмилалии мамлакатро ба таври назаррас беҳтар менамояд. 
Нақшаи чорабиниҳо оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахши туризм ва беҳтар намудани нишондиҳандаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳисоботи «Пешбурди соҳибкорӣ»-и Бонки ҷаҳонӣ дар доираи фаъолияти Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳури Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ аз ҷониби котиботи Шӯрои машваратӣ якҷо бо Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҳамкорӣ бо Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия  шудаанд. 
 
 
 
 

Май 2, 2014 11:58

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад