Беҳтар гардидани фазои сармоягузорӣ дар бахши туризм дар ҶТ
Душанбе, 02.05.2014. (АМИТ «Ховар»,Фарзона Достонзода). — Дар ҷаласаи навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахши туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани нишондиҳандаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳисоботи «Пешбурди соҳибкорӣ»-и Бонки ҷаҳонӣ» тасдиқ гардид.
Тавре ки аз Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, мақсади асосии татбиқи нақшаи чорабиниҳои мазкур беҳтар намудани фазои соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ дар бахшҳои гуногуни иқтисодиёт тавассути содда гардонидани оғози фаъолияти соҳибкорӣ, дастрас намудани иҷозатҳо, бақайдгирии моликият, дастрасӣ ба захираҳои қарзӣ, ҳимояи сармоягузорон, маъмурикунонии андоз, аз байн бурдани баъзе монеаҳои сунъӣ ба шумор меравад, ки сари вақт амалӣ намудани онҳо, дар навбати худ нишондиҳандаҳои байналмилалии мамлакатро ба таври назаррас беҳтар менамояд.
Нақшаи чорабиниҳо оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахши туризм ва беҳтар намудани нишондиҳандаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳисоботи «Пешбурди соҳибкорӣ»-и Бонки ҷаҳонӣ дар доираи фаъолияти Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳури Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ аз ҷониби котиботи Шӯрои машваратӣ якҷо бо Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҳамкорӣ бо Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия шудаанд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






