Бонкҳои исломӣ бо бонкҳои анъанавӣ рақобат хоҳанд кард
Душанбе, 16.05.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-Дар асоси лоиҳаи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти бонкии исломӣ», ки аз сӯи Парлумон қабул гардид, Бонки миллии Тоҷикистон ҳуқуқ пайдо мекунад, ки ба ташкилотҳои қарзии исломӣ ва равзанаҳои бонкии исломӣ иҷозатнома дода, фаъолияташонро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба танзим дарорад. Исмоил Талбаков-узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия мегӯяд, ки лоиҳаи қонуни мазкур бо мақсади фароҳам овардани заминаи қонунгузории фаъолияти бонкии исломӣ дар Тоҷикистон қабул шудааст. Зарурати таҳия ва қабули лоиҳаи ин қонун аз Паёми Президенти мамлакат ба Парлумони кишвар, таклифу дархости интихобкунандагон ба вакилони Парлумон бармеояд. Бо қабули лоиҳаи қонуни мазкур дар кишварамон рақобати солим байни ташкилотҳои қарзӣ барои рушди бемайлони иқтисоди миллӣ ба вуҷуд хоҳад омад.
Исмоил Талбаков афзуд, ки ташкили фаъолияти бонкии исломӣ дар Тоҷикистон дар шароити кунунӣ саҳифаи нави муносибатҳои қарзиро боз намуда, барои рушди устувори иқтисодиёти кишвар, хусусан ташкили ҷойҳои нави корӣ, беҳтар намудани вазъи иқтисодию иҷтимоии мардум, коҳиш додани муҳоҷирати меҳнатӣ, ки ба гуногуншаклии низоми бонкию қарзӣ рабт дорад, заминаи мусоид фароҳам меорад. Бо қабули қонуни мазкур дар соҳаи бонкию қарзӣ марҳилаи нави муносибатҳо оғоз мегардад, ки шарикии ташкилотҳои қарзии исломиро бо муштариён ба натиҷаҳои ниҳоии фаъолияти иқтисодию тиҷоратӣ ва кору хизматрасонӣ таъмин менамояд. Инчунин лоиҳаи қонуни мазкур ба фаъолияти бонкии исломӣ ва васеъ намудани доираи амалиёти бонкӣ, пайдо намудани манбаъҳои нави ҷалби бештари сармояи хориҷӣ, аз ҷумла сармояи исломӣ, инчунин амонатҳои аҳолӣ мусоидат мекунад. Лоиҳаи қонуни мазкур дар заминаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти бонкӣ» таҳия шуда, он ҷиҳати фароҳам овардани меъёрҳои ҳуқуқии рушди фаъолияти бонкии исломӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нигаронида шудааст.
Инчунин ин лоиҳаи қонун дар таъмини фазои рақобатпазири ташкилотҳои қарзии анъанавӣ ва ташкилотҳои қарзии исломӣ дар Тоҷикистон замина эҷод мекунад. Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти бонкии исломӣ» баъд аз ҷонибдорӣ гардидан аз сӯи Маҷлиси миллӣ ва имзои Президенти ҷумҳурӣ ба ҳукми қонун медарояд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд






