Боздиди А. Иброҳим аз «Ширкати алюминийи Тоҷикистон»

Май 21, 2014 16:25

Душанбе, 21.05.2014. (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).-Имрўз муовини Сарвазири мамлакат Азим Иброҳим  бо фаъолияти истеҳсолии Корхонаи  воҳиди  давлатии «Ширкати алюминийи Тоҷикистон»  шинос  шуд.
Хотиррасон бояд кард, ки дар асоси дастуру супоришҳои бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Ҳукумати мамлакат барои дастгирии давлатӣ, таҳким бахшидани иқтидори истеҳсолии корхона, таҷдид ва навсозии таҷҳизоти  кории он  тадбирҳои амалӣ андешида мешаванд.
Дар асоси ин дастуру супоришҳо дар ояндаи наздик ҳукумати мамлакат бо ҷалби мутахассисони варзида ба таҳияи нақшаи навсозӣ ва таҷдиди коргоҳҳои алоҳидаи ин корхонаи азими саноатӣ, ки аз соли 1975 инҷониб ба истеҳсоли маҳсулот машғул мебошад, иқдом хоҳад кард.
Тавре ки маълум шуд, ҳолати кунунии корхонаи мазкур дар маҷмӯъ хуб буда,  новобаста ба мушкилот ва  шароити номувофиқи имрўзаи  бозори  ҷаҳонии алюминий фаъолият дорад.  
Муовини Сарвазири мамлакат аснои шиносоӣ бо роҳбарият ва мутахассисони корхона масъалаи  ба эътидол овардани иқтидори истеҳсолӣ, истифодаи ашёи хоми маҳаллӣ, таъмини гилхок,  таҷдиду навсозии таҷҳизоти коргоҳҳои алоҳидаи корхона бо назардошти пешрафт ва навоварии технологияи ҳозиразамони ҷаҳонӣ, таҳкими иқтидори истеҳсолӣ ва истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазири алюминиро мавриди баррасӣ қарор дод.
 
 
 
 
 
 

Май 21, 2014 16:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст