Боздиди Франсис Ришард аз КМТ
Душанбе, 23.05.2014. (АМИТ «Ховар»,Фарзона Достонзода).- 22 майи соли равон директори илмии китобхонаи Булаки шаҳри Париж Франсис Ришард ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон (КМТ) ташриф оварда, бо кормандони китобхона вохӯрд.
Тавре ки ба АМИТ «Ховар» аз КМТ иттилоъ доданд, Франсис Ришард перомуни нигаҳдошти дастхатҳои Шарқ дар Париж суҳбат ороста афзуд: «Ман ошиқи ин макон шудам ва имрӯз хеле шодам, ки боз маро кормандони китобхона гарму ҷӯшон истиқбол намуданд».
Ёдовар мешавем, ки Франсис Ришард даъфаи чорум аст, ки ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон меояд. Ӯ чанд моҳе қабл ду адад китоби нодирро аз китобхонаи шаҳри Порис ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон тақдим намуд. Имрӯз Франсис Ришард 120 адад китоби нодирро, ки аз китобхонаи Порис нусхабардорӣ намудааст, ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон тақдим намуд.
Инчунин дар ҷараёни вохӯрӣ Созишномаи ҳамкорӣ миёни Китобхонаи Булаки шаҳри Порис ва Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба имзо расид.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






