Боздиди Марҳабо Ҷабборӣ аз муассисаҳои иҷтимоии ноҳияи Ҳисор
Душанбе, 03.05.2014. (АМИТ «Ховар») Дирӯз дар доираи баргузории ҷаласаи сайёри Кумитаи тадорукот оид омодагӣ ва баргузории 3000-солагии Ҳисор муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Марҳабо Ҷабборӣ аз як қатор муассисаҳои иҷтимоии ноҳияи Ҳисор дидан намуд. Зимни боздид аз шароити буду бош ва рафти иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 феврали соли 2014, №159 дар Мактаб – интернати ҷумҳуриявии кӯдакони нобино ва сустбин, Мактаб – интернати низомаш махсуси ҷумҳуриявии Хирманак, Хона – интернати касалиҳои руҳии ноҳияи Ҳисор аз наздик шинос шуд. Бояд тазаккур дод, ки дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 3000-солгаии Ҳисор соли 2013 навбати аввали таҷдиду барқарорсозии Мактаб-интернати ҷумҳуриявии низомаш махсус (полиомелит) ва Мактаб – интернати ҷумҳуриявии кӯдакони нобино ва сустбини ноҳияи Ҳисор ба анҷом расонида шудааст.Соли равон бошад, барои идомаи навбати дуюми таҷдиду барқарорсозии Мактаб – интернати ҷумҳуриявии низомаш махсус (полиомелит) дар ҳаҷми 500 ҳазор сомонӣ ва барои таҷдиду барқарорсозии Мактаб – интернати ҷумҳуриявии кӯдакони нобино ва сустбини ноҳия дар хаҷми 300 ҳазор сомонӣ маблағ пешбинӣ гардидааст.Дар ҷараёни шиносоӣ аз ҷониби муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Марҳабо Ҷабборӣ ба роҳбарияти муассисаҳои иҷтимоии мазкур ва вазорату идораҳои марбута ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани шароит дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд. Дар ин сафар муовини сарвазирро Нуриддин Саид – вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамроҳӣ намуд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






