Бозгашти Зебо Аминзода бо шаш медал
Панҷакент, 16.05.2014. (АМИТ «Ховар», Гулбаҳори Худойбердӣ).- Ба наздикӣ дар шаҳри Душанбе мусобиқаи ҷумҳуриявӣ дар байни ҷавонону наврасон оид ба шоҳмот баргузор гардид. Дар мусобиқа беҳтарин шоҳмотбозони дастаҳои шаҳри Душанбе, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва вилоятҳои Суғду Хатлон ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон иштирок варзиданд.
Панҷ нафар шоҳмотбозони шаҳри Панҷакент ҳамчун дастаи яккачини вилояти Суғд дар мусобиқа иштирок намуданд. Дар бозии «рапид» чемпиони соли 2013 Зебо Аминзода, хонандаи синфи 11-и мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №15 маҳорати баланд нишон дода, сазовори медали тилло гардид. Ӯ дар бозии «классикӣ» низ медали нуқра ба даст овард.
Дар бозии «рапид» хонандаи синфи 10-и мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №71 Қурбонбой Қурбонбоев сазовори ҷои дуюм гардид. Бародари Қурбонбой хонандаи синфи 8-и ҳамин мактаб Комрон дар бозии «Блигз» ба гирифтани медали биринҷӣ ноил гашт.
Дар ҷамъбасти мусобиқа мураббии дастаи яккачини ҷумҳурӣ Неъмат Зиёев гуфт, ки солҳои охир шоҳмотбозони шаҳри Панҷакент дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ва спартакиадаҳои байни мактабҳои олӣ ба муваффақиятҳои назаррас соҳиб мешаванд.
Албатта, ғалаба дар чунин мусобиқаҳои калон осон ба даст намеояд. Имрӯзҳо барои оммавӣ гардидани шоҳмот дар шаҳри Панҷакент аз тарафи раиси шаҳр Хисрави Абдуназар ғамхориҳои зиёд зоҳир мегарданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад






