Бозиҳои даври 7 – уми мусобиқот мавқуф гузошта шуданд

Май 26, 2014 15:05

Душанбе, 26.05.2014. (АМИТ «Ховар»). – Бозиҳои  даври  7 – уми  мусобиқоти  Тоҷикистон  оид ба  футбол байни  дастаҳои  лигаи олӣ, ки  ба 31  май  пешбинӣ  шуда буданд,  ба  29  май  мавқуф  гузошта шуданд.
Тавре  ки  аз Федератсияи  футболи  Тоҷикистон  хабар  доданд,  бинобар иштироки дастаи  мунтахаби  миллии  Тоҷикистон  дар  вохӯрии  рафиқонаи  байналмилалӣ  бо  дастаи  мунтахаби  Эстония, ки  7  июн  дар  шаҳри  Таллин  баргузор  мешавад, раёсати Кумитаи  иҷроияи  Федератсияи  футболи  Тоҷикистон  тасмим  гирифт, ки  чор  бозии даври  7 – уми  мусобиқоти  ҷумҳурӣ  байгнги  дастаҳои лигаи олӣ  ба  29  май  гузаронида шавад. 
Ғайр  аз ин, бинобар  иштироки дастаи  мунтахаби  наврасони  Тоҷикистон  (U -16)   дар  мусобиқоти байналмилалӣ  барои  дарёфти  Ҷоми  Хазар – 2014, ки  аз  28  май то  7  июн  дар  шаҳри  Боку  баргузор  мешавад, вохӯрии  дастаҳои «Вахш» — и  шаҳри  Қӯрғонтеппа ва  «Регар – ТадАЗ»  — и  шаҳри  Турсунзода дар  даври  7 – уми  лигаи  олӣ  ба  17  июн  гузаронида шуд. Вохӯрии байни  ҳайатҳои  ҷавонони  ин  дастаҳо  16  июн  сурат  мегирад.  

Май 26, 2014 15:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст