Бозиҳои даври шашуми лигаи олии футболиТоҷикистон

Май 23, 2014 16:17

Душанбе, 23.05.2014. (АМИТ «Ховар», Меҳрони Қурбон).-Бозиҳои даври шашуми мусобиқаи қаҳрамонии лигаи олии футболи Тоҷикистон  рӯзҳои 24-25 май  дар минтақаҳои шаҳри  Душанбе баргузор мегардад. Ёдовар мешавем, ки се бозии даври шашум рӯзи шанбе барпо мегардад. Дастаи «Энергетик”-и (Душанбе) бо «Вахш» (Қӯрғонтеппа), «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) бо “Хайр” (Ваҳдат) ва «Далерон-Ӯротеппа» (Истаравшан) бо «Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров) рақобат мекунанд. 
   Бояд  зикр  кард, ки   ду бозии  дигари даври шашум рӯзи якшанбе миёни дастаҳои «Хуҷанд» (Хуҷанд) — ССКА «Помир» (Душанбе) ва «Истиқлол» (Душанбе) — «Равшан»(Кӯлоб)  доир  мегарданд.   
 
 

Май 23, 2014 16:17

Хабарҳои дигари ин бахш