Бунёди коргоҳи истеҳсоли резини чархи мошин дар Суғд

Май 3, 2014 10:15

Хуҷанд, 03.05.2014. (АМИТ “Ховар”, Абдуаҳад Шарифзода).-Дар шимоли кишвар корхонаи истеҳсоли резинаҳо барои мошинҳо бунёд хоҳад ёфт. Ин буд яке аз масъалаҳои асосии мулоқоти раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ бо раиси Шӯрои директорони ширкати чинии «Янтай Юанченг Голд, LTD» Хао Жуминг, ки дар мақомоти иҷроияи давлатии ҳокимияти шаҳр доир гашт. Тавре ки манбаъ иттилоъ дод, бо сармоягузории соҳибкорони чинӣ дар ояндаи наздик дар вилояти Суғд корхонаи истеҳсоли резинҳои чархи мошин бо иқтидори 1 миллион дона  дар як сол бунёд хоҳад шуд. Бо баробари фаъол гаштани корхона имконият пайдо мешавад, ки беш аз 1000 нафар шаҳрванд бо ҷои кор таъмин гарданд. 
Бояд гуфт, ки бунёди чунин  корхона дар Осиёи Марказӣ нахустин буда, он метавонад тамоми минтақаро бо маҳсулот таъмин созад.
Зимни мулоқот раиси вилоят таъкид дошт, ки  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят тайёр аст амалишавии ин лоиҳаро ҳамаҷониба дастгирӣ намояд ва ҳамзамон ӯ пешниҳод намуд, ки соҳибкорон дар вилоят бунёди коргоҳи истеҳсоли техникаҳои кишоварзиро низ ба роҳ монанд, зеро барои бунёди он заминаҳои мусоид мавҷуд буда, талабот низ хеле зиёд мебошад.
Хао Жуминг дар навбати худ аз дастгирӣ ва пуштибонии роҳбарияти вилоят арзи сипос намуда, изҳор дошт, ки ҷонибдори густариши ҳамкориҳои дуҷониба мебошад. 
Бояд гуфт, ки ширкати чинии «Янтай Юанченг Голд, LTD» яке аз коргоҳҳои азими истеҳсоли резинаҳои чархи мошин дар Чин ба ҳисоб рафта, иқтидори истеҳсолии он 3 милион дона резина барои мошинҳои махсус ва 8 милион дона барои мошинҳои сабукрав мебошад.

Май 3, 2014 10:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад