Бунёди коргоҳи истеҳсоли резини чархи мошин дар Суғд
Хуҷанд, 03.05.2014. (АМИТ “Ховар”, Абдуаҳад Шарифзода).-Дар шимоли кишвар корхонаи истеҳсоли резинаҳо барои мошинҳо бунёд хоҳад ёфт. Ин буд яке аз масъалаҳои асосии мулоқоти раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ бо раиси Шӯрои директорони ширкати чинии «Янтай Юанченг Голд, LTD» Хао Жуминг, ки дар мақомоти иҷроияи давлатии ҳокимияти шаҳр доир гашт. Тавре ки манбаъ иттилоъ дод, бо сармоягузории соҳибкорони чинӣ дар ояндаи наздик дар вилояти Суғд корхонаи истеҳсоли резинҳои чархи мошин бо иқтидори 1 миллион дона дар як сол бунёд хоҳад шуд. Бо баробари фаъол гаштани корхона имконият пайдо мешавад, ки беш аз 1000 нафар шаҳрванд бо ҷои кор таъмин гарданд.
Бояд гуфт, ки бунёди чунин корхона дар Осиёи Марказӣ нахустин буда, он метавонад тамоми минтақаро бо маҳсулот таъмин созад.
Зимни мулоқот раиси вилоят таъкид дошт, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят тайёр аст амалишавии ин лоиҳаро ҳамаҷониба дастгирӣ намояд ва ҳамзамон ӯ пешниҳод намуд, ки соҳибкорон дар вилоят бунёди коргоҳи истеҳсоли техникаҳои кишоварзиро низ ба роҳ монанд, зеро барои бунёди он заминаҳои мусоид мавҷуд буда, талабот низ хеле зиёд мебошад.
Хао Жуминг дар навбати худ аз дастгирӣ ва пуштибонии роҳбарияти вилоят арзи сипос намуда, изҳор дошт, ки ҷонибдори густариши ҳамкориҳои дуҷониба мебошад.
Бояд гуфт, ки ширкати чинии «Янтай Юанченг Голд, LTD» яке аз коргоҳҳои азими истеҳсоли резинаҳои чархи мошин дар Чин ба ҳисоб рафта, иқтидори истеҳсолии он 3 милион дона резина барои мошинҳои махсус ва 8 милион дона барои мошинҳои сабукрав мебошад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд
Таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид






