Чанд хабар аз хориҷи кишвар

Май 15, 2014 14:55

                                       Обхезии шадид дар Канада
    Душанбе, 15. 05.2014. (АМИТ «Ховар»).-Мувофиқи маълумоти шабакаи телевизионии Би-Би-Си  ҳафтаи равон бар асари хатари обхезӣ  дар пайи тадриҷан боло рафтани сатҳи оби рўди Олбани  музофоти  Онтариои  Канада бештар аз  2 ҳазор сокини  шаҳри  Кашечеванро  ба ҷойҳои нисбатан  амн интиқол доданд. Ҳукуматдорони кишвар  аллакай дар қисми шимолии музофоти Онтарио вазъияти фавқулода  эълон намудаанд. 
 
                                                  Заминчунбии сахт дар Юнон 
    Душанбе, 15. 05.2014. (АМИТ «Ховар»).-Дирӯз дар қисми шимолу ғарбии Юнон заминҷунбии сахт ба амал омад. Қувваи ҷунбиши қишри замин аз рўи ҷадвали Рихтер 5 дараҷаро ташкил медод. Пажўҳишгоҳи зилзиласанҷии Афина маркази заминҷунбиро 32 километр дуртар аз бандаршаҳри Игуменитса дар умқи 10 километр муайян намуд. Дар бораи оқибатҳои харобиовар, талафоти ҷонӣ ва осебдидагони  ин офати табиӣ ягон маълумоти дақиқ то ҳол дода нашудааст.
 
                                   Куштори роҳбари ҳизбӣ дар Испания
     Душанбе, 15. 05.2014. (АМИТ «Ховар»).-Ҳафтаи равон дар шаҳри Леони Испания Изабелл Карраскои 58-сола, роҳбари ҳизби роҳбарикунандаи «Мардумӣ» аз ҷониби шахси силоҳбадасти номаълум бо истифода аз силоҳи оташфишон кушта шудааст. Намояндагони  ҳизбҳои роҳбарикунанда ва сотсиалистӣ вобаста ба ин фоҷиа ба наздикону пайвандони Карраско изҳори тасаллият намуданд.
 
                                         Задухӯрди вазнин дар Афғонистон
   Душанбе, 15. 05.2014. (АМИТ «Ховар»).-Дар шоҳроҳи калони  мошингарди Кобул-Қандаҳори Ҷумҳурии Исломии Афғонистон  чанд рўз боз амалиёти зиддитеррористӣ  идома дорад. Аз рўи маълумоти расида, бар зидди ҷангҷўёни ҳаракати «Толибон»  кормандони сохторҳои қудратии кишвар 9 нафар аъзои ин гурўҳро безарар гардониданд. Аз силоҳбадастон ба миқдори зиёд яроқу аслиҳа ва муҳимоти тарканда дарёфту мусодира шуд. 
 

Май 15, 2014 14:55

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад