Чанд хабар аз хориҷи кишвар
Обхезии шадид дар Канада
Душанбе, 15. 05.2014. (АМИТ «Ховар»).-Мувофиқи маълумоти шабакаи телевизионии Би-Би-Си ҳафтаи равон бар асари хатари обхезӣ дар пайи тадриҷан боло рафтани сатҳи оби рўди Олбани музофоти Онтариои Канада бештар аз 2 ҳазор сокини шаҳри Кашечеванро ба ҷойҳои нисбатан амн интиқол доданд. Ҳукуматдорони кишвар аллакай дар қисми шимолии музофоти Онтарио вазъияти фавқулода эълон намудаанд.
Заминчунбии сахт дар Юнон
Душанбе, 15. 05.2014. (АМИТ «Ховар»).-Дирӯз дар қисми шимолу ғарбии Юнон заминҷунбии сахт ба амал омад. Қувваи ҷунбиши қишри замин аз рўи ҷадвали Рихтер 5 дараҷаро ташкил медод. Пажўҳишгоҳи зилзиласанҷии Афина маркази заминҷунбиро 32 километр дуртар аз бандаршаҳри Игуменитса дар умқи 10 километр муайян намуд. Дар бораи оқибатҳои харобиовар, талафоти ҷонӣ ва осебдидагони ин офати табиӣ ягон маълумоти дақиқ то ҳол дода нашудааст.
Куштори роҳбари ҳизбӣ дар Испания
Душанбе, 15. 05.2014. (АМИТ «Ховар»).-Ҳафтаи равон дар шаҳри Леони Испания Изабелл Карраскои 58-сола, роҳбари ҳизби роҳбарикунандаи «Мардумӣ» аз ҷониби шахси силоҳбадасти номаълум бо истифода аз силоҳи оташфишон кушта шудааст. Намояндагони ҳизбҳои роҳбарикунанда ва сотсиалистӣ вобаста ба ин фоҷиа ба наздикону пайвандони Карраско изҳори тасаллият намуданд.
Задухӯрди вазнин дар Афғонистон
Душанбе, 15. 05.2014. (АМИТ «Ховар»).-Дар шоҳроҳи калони мошингарди Кобул-Қандаҳори Ҷумҳурии Исломии Афғонистон чанд рўз боз амалиёти зиддитеррористӣ идома дорад. Аз рўи маълумоти расида, бар зидди ҷангҷўёни ҳаракати «Толибон» кормандони сохторҳои қудратии кишвар 9 нафар аъзои ин гурўҳро безарар гардониданд. Аз силоҳбадастон ба миқдори зиёд яроқу аслиҳа ва муҳимоти тарканда дарёфту мусодира шуд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






