Чанд хабар аз хориҷи кишвар
Дастгир намудани ҷинояткорон дар Туркия
Душанбе, 20.05.2014. (АМИТ «Ховар»).-Ҳафтаи равон дар Туркия 8 нафарро вобаста ба таркиш ва фурӯравии замин дар нақби ангишти Сома, ки 13- уми май рух дод, боздошт намуданд. Бар асари ин фоҷеа дар нақби ангишт 301 нафар ба ҳалокат расида, 485 нафари дигар захмҳои гуногун бардошт. Бояд гуфт, ки миёни дастгиршудагон директори генералии нақби ангишт Рамазан Дугру ва дигар шахсони масъул низ мебошанд.
Сӯхтор дар Висконсин
Душанбе, 20.05.2014. (АМИТ «Ховар»).-Дар яке аз коргоҳҳои шаҳри Соквилли штати Висконсини ИМА таркиш ба вуқӯъ пайваст. Бар асари ин ҳодиса 7 тан ҷароҳат бардошт. Ҳамаи зарардидагон кормандони ин коргоҳ мебошанд, ки дар беморхона бистарӣ шуданд. Пас аз таркиш дар ҷои ҳодиса сўхтор ба амал омад. Сабабҳои ҳодиса то ҳол муаян нашудаанд.
Кумаки Британияи Кабир ба Нигерия
Душанбе, 20.05.2014. (АМИТ «Ховар»).-Дирӯз Британияи Кабир ҳавопаймои кашшофии неруҳои ҳарбии ҳавоии худро баҳри озод намудани духтарони рабудашудаи Нигерия сафарбар намуд. Вале аз сабаби нуқси техникӣ ҳавопаймо оҷилан дар Сенегал фуруд омад.Ҷоизи қайд аст, ки 300 духтари толибилми аз 12 то 17- сола аз шаҳри Чебокаи Нигерия миёнаҳои моҳи апрел рабуда шуданд.
Халалдор кардани қонунгузориҳои Амрико
Душанбе, 20.05.2014. (АМИТ «Ховар»).-Ба иттилои Би-Би-Си Бонки швейтсариягии «Кридит Суис» ба халалдор кардани қонунгузориҳои Амрико муттаҳам шудааст. Ширкати мазкур бояд ба буҷаи давлат дар ҳаҷми 2,5 миллиард доллар ҷарима супорад. Мувофиқи маълумоти расида, пас аз тафтишоти солҳои тӯлонӣ маълум шуд, ки бонки мазкур ва ҳамчунин филиалҳои кории он дар Швейтсария ба сокинони Амрико, ки маблағҳояшонро дар ин бонкҳо барои пасандоз гузоштаанд, баҳри напардохтани андоз ба буҷаи Амрико кумак мекардааст.
Таркиши сахт дар Афғонистон
Душанбе, 20.05.2014. (АМИТ «Ховар»).-Дирӯз дар вилояти Зобули Ҷумҳурии Исломии Афғонистон таркиши сахт ба амал омад. Бар асари ин ҳодиса як корманди полис ва як нафар сокини маҳаллӣ ба ҳалокат расида, чанд нафари дигар ҷароҳати гуногун бардошт. Бояд гуфт, ки ин амал аз ҷониби як нафар сокини ин кишвар анҷом дода шудааст. Мувофиқи иттилои фармондеҳи полиси вилояти Зобул тайи чанд вақти охир ин сеюмин ҳодисае мебошад, ки аз ҷониби нафарони маргталаб дар ин вилоят содир мешавад.
Тарҷумаи Иброҳими Ҳабибуллоҳ








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст






