Чанд хабар аз хориҷи кишвар

Май 20, 2014 16:12

                         Дастгир намудани ҷинояткорон дар Туркия
       Душанбе, 20.05.2014.  (АМИТ «Ховар»).-Ҳафтаи равон дар Туркия 8 нафарро вобаста ба таркиш ва фурӯравии замин дар нақби ангишти Сома, ки 13- уми май рух дод, боздошт намуданд. Бар асари ин фоҷеа дар нақби ангишт 301 нафар ба ҳалокат расида, 485 нафари дигар захмҳои гуногун бардошт. Бояд гуфт, ки миёни дастгиршудагон директори генералии нақби ангишт Рамазан Дугру ва дигар шахсони масъул низ мебошанд.
                                       Сӯхтор дар Висконсин
       Душанбе, 20.05.2014.  (АМИТ «Ховар»).-Дар яке аз коргоҳҳои шаҳри Соквилли штати Висконсини ИМА таркиш  ба вуқӯъ пайваст. Бар асари ин ҳодиса 7 тан ҷароҳат бардошт. Ҳамаи зарардидагон кормандони ин коргоҳ мебошанд, ки дар беморхона бистарӣ шуданд. Пас аз таркиш дар ҷои ҳодиса сўхтор ба амал омад. Сабабҳои  ҳодиса то ҳол муаян нашудаанд.
                                  Кумаки Британияи Кабир ба Нигерия
      Душанбе, 20.05.2014.  (АМИТ «Ховар»).-Дирӯз Британияи Кабир ҳавопаймои кашшофии неруҳои ҳарбии ҳавоии худро баҳри озод намудани  духтарони рабудашудаи Нигерия сафарбар намуд. Вале аз сабаби нуқси техникӣ  ҳавопаймо  оҷилан  дар Сенегал фуруд омад.Ҷоизи қайд аст, ки  300 духтари толибилми  аз 12 то 17- сола аз шаҳри Чебокаи Нигерия миёнаҳои моҳи апрел рабуда шуданд.
                        Халалдор кардани қонунгузориҳои Амрико
        Душанбе, 20.05.2014.  (АМИТ «Ховар»).-Ба иттилои Би-Би-Си  Бонки швейтсариягии «Кридит Суис» ба халалдор кардани қонунгузориҳои Амрико муттаҳам шудааст. Ширкати мазкур бояд ба буҷаи давлат дар ҳаҷми  2,5 миллиард доллар ҷарима супорад. Мувофиқи маълумоти расида, пас аз тафтишоти солҳои тӯлонӣ маълум шуд, ки бонки мазкур ва ҳамчунин филиалҳои кории он дар Швейтсария ба сокинони Амрико, ки маблағҳояшонро дар ин бонкҳо барои пасандоз гузоштаанд, баҳри напардохтани андоз ба буҷаи Амрико кумак мекардааст.
Таркиши сахт дар Афғонистон
 Душанбе, 20.05.2014. (АМИТ «Ховар»).-Дирӯз дар вилояти Зобули Ҷумҳурии Исломии Афғонистон таркиши сахт  ба амал омад. Бар асари ин ҳодиса як корманди полис ва як нафар  сокини  маҳаллӣ ба ҳалокат расида, чанд нафари дигар ҷароҳати гуногун  бардошт. Бояд гуфт, ки ин амал аз ҷониби як нафар сокини ин кишвар  анҷом дода шудааст. Мувофиқи иттилои фармондеҳи полиси вилояти Зобул   тайи чанд вақти охир  ин сеюмин ҳодисае мебошад, ки аз ҷониби  нафарони маргталаб дар ин вилоят содир мешавад.    
 
Тарҷумаи Иброҳими Ҳабибуллоҳ
 
 
 
 
 
 
 
 
 

Май 20, 2014 16:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд