Чанд хабар аз хориҷи кишвар
Амалиёти полис дар Афғонистон
Душанбе, 31.05.2014. (АМИТ «Ховар»).-Мувофиқи иттилои шабакаи интернетии кайҳон Нюс дирӯз кормандони мақомоти полиси вилояти Майдонвардаки Ҷумҳурии Исломии Афғонистон зимни гузаронидани амалиёт 2 нафар силоҳбадастро боздошт ва чанд нафари дигаро безарар гардониданд. Ҳангоми боздошт аз ҷинояткорон чанд адад силоҳ ва моддаи таркандаи худсохт дарёфт ва мусодира шуд. Боздоштшудагон мақсад доштанд корвони мошинҳои неруҳои амниятиро мавриди ҳамла қарор диҳанд.
Қурраҳои сўзони вулқони Камчатка
Душанбе, 31.05.2014. (АМИТ «Ховар»).-Аз дирӯз боз бар асари пош хўрдани қурраҳои сўзони вулқони Шивелуч дар кишвари Камчаткаи Федератсияи Русия ҳаракати ҳама гуна воситаҳои нақлиёт дар роҳҳои минтақаи Уст-Камчатск қатъ шудааст. Вулқони мазкур дар масофаи 90 километр дур аз минтақаи Уст-Камчатск ҷойгир аст. Бояд гуфт, ки аз соли 1980 то инҷониб вулқон пайваста хуруҷ мекунад. Дар минтақаи мазкур зиёда аз 5 ҳазор аҳолӣ умр ба сар мебарад. Дар айни ҳол кормандони ҳолатҳои фавқулода баҳри боз кардани роҳҳои мошингард тадбирҳои заруриро меандешанд.
Сӯхтор дар шаҳри Вэйхайни Чин
Душанбе, 31.05.2014. (АМИТ «Ховар»).-Дирӯз дар ҷангалзори назди шаҳри Вэйхайни вилояти Шандун, воқеъ дар қисми шарқии Ҷумҳурии Мардумии Чин сўхтор ба амал омад. Тибқи маълумоти расида, оташсўзӣ аллакай масоҳати 7 километрро фаро гирифтааст. Кормандони хадамоти оташнишонӣ бо мақсади пешгирӣ намудани паҳншавии сўхтор ва хомўш кардани он аз тамоми воситаҳои техникӣ истифода мебаранд.
Ҳолати фавқулода дар Амрико
Душанбе, 31.05.2014. (АМИТ «Ховар»).-Мувофиқи иттилои шабакаи интернетии Би-Би-Си тайи 20-соли охир бори аввал дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бемории сурхча ба таври васеъ хуруҷ кардааст. Мутахассисони соҳаи тиб дар 18 штати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико хуруҷи бемории сурхчаро ба қайд гирифтанд. Бояд гуфт, ки аз оғози соли равон дар Амрико аз бемории сурхча 41 нафар фавтидааст. Кормандони соҳаи тиб нишонаҳои асосии гирифтор шудан ба бемории сурхчаро таби баланд, зиёд шудани сулфа ва сурхшавии чашмҳо нишон медиҳанд. Вобаста ба хуруҷи бемории сурхча дар баъзе штатҳои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҳолати фавқулода эълон шудааст.
Фавти 3 милион нафар аз фарбеҳӣ
Душанбе, 31.05.2014. (АМИТ «Ховар»).-Вазни зиёд ва фарбеҳшавӣ боиси ташвиши ҷомеаи ҷаҳонӣ гаштааст.Чунин мушкилот бештар дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Мексика ба назар мерасад.Тибқи омор ҳамасола дар ҷаҳон 3 миллион нафар аз фарбеҳӣ мефавтанд. Ба андешаи коршиносон риоя кардани истеъмоли ғизо, парҳезӣ ва машғул шудан ба варзиш аз омилҳои асосӣ барои пешгирӣ намудани фарбеҳшавӣ мебошанд.
Тарҷумаи Иброҳими Ҳабибуллоҳ








ОГОҲӢ! Аз 27 то 30 июн дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани селҳои хусусияти маҳаллидошта пешгӯӣ мешавад
Дар КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва қабули ташаббуси нави ҷаҳонии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Дар Рашт дар мавзуи «Ваҳдати миллӣ – асоси таҳкими давлатдории тоҷикон» конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Бохтар бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ баргузор гардид
Дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 2-и шаҳри Норак бинои иловагӣ сохта мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Беш аз ду километр роҳи деҳаи Ниликони ноҳияи Рӯдакӣ мумфарш гардид
Дар ҷаласаи 45-уми Шурои идоракунандагони GCF масъалаҳои стратегии марбут ба татбиқи Созишномаи Париж баррасӣ мешаванд
Хизматрасонӣ 24/7: чӣ тавр оператори мобилӣ бо муштариён муошират менамояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1245 сомонӣ муқаррар шудааст






