Чаро муассисаҳо дар ярмаркаи ҷойҳои корӣ ширкат намекунанд?

Май 2, 2014 11:12

Хоруғ, 2.05.2014. (АМИТ «Ховар», Файз Мирасан).- Дар доираи амалисозии барнома «Дар бораи мусоидат  ба шуғли аҳолӣ» бо ибтикори шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳри Хоруғ ярмаркаи ҷойҳои холии корӣ баргузор шуд.
Ин навбат ярмарка дар саҳни бинои чорошёнаи навбунёди агентии мазкур сурат гирифт, ки дар он нисбат ба ярмаркаҳои қаблӣ теъдоди ками корҷӯён ширкат намуданд.  Масъулини агентӣ ширкати ками корҷӯёнро ба набуди ҳамкории дурусти идораву муассисахо ва тақкилотҳои ҷамъиятӣ рабт медиҳанд ва мегӯянд, ки онҳо қабл аз баргузории ин чорабинӣ  тамоми идораву муассисаҳои шаҳрию вилоятиро огоҳ карданд, то ҷойҳои холиро ба онҳо пешниҳод намоянд. Аммо рӯзи ярмарка аён гардид, ки ба ғайр аз шуъбаи кадрҳои  идораи «Помирсохтмон» бо пешниҳоди 56 ҷойи кор ва Корхонаи фаръии обу ташноби шаҳри Хоруғ бо пешниҳоди як ҷойи корӣ дигарон аз ширкат дар ин маъракаи муҳим сарпечӣ намуданд.
Дар ҳамин ҳол мудири шуъбаи кадрҳои Раёсати тандурустии вилоят, ки яке аз муассисаҳои калон ба шумор меравад,  иттилоъ дод, ки дар  муассисаҳои ин раёсат ягон ҷои холӣ мавҷуд нест ва аз ин рӯ онҳо ширкати худро зарур нашумориданд.  
Масъулини шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳри Хоруғ аз он  изҳори нигаронӣ намуданд, ки аксарияти  идораву муассисаҳо агарчи ҷои корӣ доранд, аммо онҳоро огоҳ намесозанд.  Ин ба оварда мерасонад, ки ин идораю муассисахо хешу табор ва наздикони худро сарфи назар аз малакаю маҳораташон ба кор қабул мекунанд, аммо онҳое ки воқеан арзанда мебошанд, аз шуғл дар канор мемонанд. Ба гуфтаи масъулини агентӣ ба ҳамин иллат ярмаркаи мазкур низ сол аз сол эътиборашро дар миёни мардум аз даст медиҳад.
 
 

Май 2, 2014 11:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад