Чаро муассисаҳо дар ярмаркаи ҷойҳои корӣ ширкат намекунанд?
Хоруғ, 2.05.2014. (АМИТ «Ховар», Файз Мирасан).- Дар доираи амалисозии барнома «Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ» бо ибтикори шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳри Хоруғ ярмаркаи ҷойҳои холии корӣ баргузор шуд.
Ин навбат ярмарка дар саҳни бинои чорошёнаи навбунёди агентии мазкур сурат гирифт, ки дар он нисбат ба ярмаркаҳои қаблӣ теъдоди ками корҷӯён ширкат намуданд. Масъулини агентӣ ширкати ками корҷӯёнро ба набуди ҳамкории дурусти идораву муассисахо ва тақкилотҳои ҷамъиятӣ рабт медиҳанд ва мегӯянд, ки онҳо қабл аз баргузории ин чорабинӣ тамоми идораву муассисаҳои шаҳрию вилоятиро огоҳ карданд, то ҷойҳои холиро ба онҳо пешниҳод намоянд. Аммо рӯзи ярмарка аён гардид, ки ба ғайр аз шуъбаи кадрҳои идораи «Помирсохтмон» бо пешниҳоди 56 ҷойи кор ва Корхонаи фаръии обу ташноби шаҳри Хоруғ бо пешниҳоди як ҷойи корӣ дигарон аз ширкат дар ин маъракаи муҳим сарпечӣ намуданд.
Дар ҳамин ҳол мудири шуъбаи кадрҳои Раёсати тандурустии вилоят, ки яке аз муассисаҳои калон ба шумор меравад, иттилоъ дод, ки дар муассисаҳои ин раёсат ягон ҷои холӣ мавҷуд нест ва аз ин рӯ онҳо ширкати худро зарур нашумориданд.
Масъулини шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳри Хоруғ аз он изҳори нигаронӣ намуданд, ки аксарияти идораву муассисаҳо агарчи ҷои корӣ доранд, аммо онҳоро огоҳ намесозанд. Ин ба оварда мерасонад, ки ин идораю муассисахо хешу табор ва наздикони худро сарфи назар аз малакаю маҳораташон ба кор қабул мекунанд, аммо онҳое ки воқеан арзанда мебошанд, аз шуғл дар канор мемонанд. Ба гуфтаи масъулини агентӣ ба ҳамин иллат ярмаркаи мазкур низ сол аз сол эътиборашро дар миёни мардум аз даст медиҳад.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






