Дар Суғд нақшаи даъвати баҳорӣ ба сафҳои артиш иҷро шуд

Май 27, 2014 11:01

Хуҷанд, 27.05.2014. (АМИТ «Ховар», Абдуаҳад Шарифзода). – Дар вилояти Суғд нақшаи даъвати баҳорӣ ба сафҳои Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баробари 100 фоиз иҷро гардид. Тавре ки аз комиссариати ҳарбии вилоят хабар доданд, 24 май ҳамаи 18 шаҳру ноҳияҳои вилоят аз пеш аз мӯҳлат иҷро шудани нақшаи даъвати баҳорӣ хабар доданд. Баҳори соли ҷорӣ аз ин вилояти кишвар беш аз аз 2 ҳазор нафар даъватшавандагон барои адои хидмат ба сафҳои Қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ фиристода шуданд.Хотирнишон месозем, ки даъвати баҳорӣ дар кишвар 1 апрел оғоз ёфта, то 31 май идома меёбад. Ҷавонони синнашон аз 18 то 27, ки ҳуқуқи мавқуф гузоштани мӯҳлати хидматро надошта, ё аз даъват ба хидмати ҳарбӣ озод нашудаанд, ба сафҳои Артиши Тоҷикистон даъват карда мешаванд.

Май 27, 2014 11:01

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд