Дар тақвим боз як ид зам гардид
Душанбе, 28.05.2014. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-Минбаъд 25-май дар Тоҷикистон иди касбии кормандони соҳаи стандартизатсия ва метрология ҷашн гирифта мешавад. Дар робита ба ин 28 май аъзои Шӯрои палатаи поёнии Парлумони мамлакат дар ҷаласае, ки таҳти раёсати Шукурҷон Зуҳуров -раиси Маҷлиси намояндагон баргузор гардид, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид»-ро баррасӣ намуданд. Зикр шуд, ки лоиҳаи қонуни мазкур бо мақсади муқаррар намудани иди касбии кормандони соҳаи стандартизатсия ва метрологияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва руҳбаланд намудани кормандони ин соҳа таҳия гардида, он аз сӯи Ҳукумати ҷумҳурӣ ба Парлумон пешниҳод шудааст.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






