Дастоварди ноширони ҷумҳурӣ дар Минск
Душанбе, 30.05.2014. (АМИТ «Ховар, Мавҷуда Анварӣ).-Дар Намоишгоҳи XI байналмилалии китоби кишварҳои аъзои ИДМ, ки бо номи «Санъати китоб» дар шаҳри Минск баргузор гардид, китобҳои пешниҳоднамудаи ноширони Тоҷикистон барандаи диплому ҷоизаҳои озмун шуданд.
Китобҳои «Энсиклопедияи мухтасари кӯдакон ва наврасон» бо дипломи дараҷаи дуюм, «Энсиклопедияи миллии тоҷик», ҷилди II (Сарредаксияи Энсиклопедияи миллии тоҷик), «Мунтахаби ғазалиёт»-и Ҷалолиддини Румӣ («Адиб»), «Тоҷикистоннома» (китоби мусаввар, ношир Фонди Садриддин Айнӣ) бо дипломҳои дараҷаи севум ва китоби Ё. Одинаев «Умари Хайём ва рубоиёти ӯ аз назари Свами Говинда» («Ирфон») бо дипломи махсуси ҳайати ҳакамони озмун қадрдонӣ гардиданд.








Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






