Дастури нави шаҳрдорӣ вобаста ба маросими «Ҳаҷ-2014»

Май 20, 2014 10:27

 
   Душанбе, 20.05.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-Шаҳрдории Душанбе дар ҷараёни ҷаласа ба масъулини сохторҳои марбута ва комиссияи ҷамъиятии вобаста ба мавсими Ҳаҷ-2014 дастур додааст, ки дар соли равон ҷиҳати тавофи Хонаи Худо нафаронеро фиристонанд, ки бо вуҷуди дар навбат истодан боре ҳам ба Ҳаҷ нарафтаанд. Хусусан ба он шахсоне афзалият дода шавад, ки дар корҳои ҷамъиятии пойтахт фаъолона ширкат менамоянд. Ба мисли раисони шӯроҳои шаҳраку маҳаллаҳо, мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ, собиқадорони меҳнат ва нафароне, ки дар озмунҳои касбии шаҳрӣ ширкат намуда, ғолиб баромадаанд.
 Дар ҷаласа масъалаҳои марбут ба соҳаҳои мухталифи пойтахт-   таъмини амнияти истеъмолии сокинон, вазъи санитарию экологӣ, хизматрасонии коммуналӣ, таъмири роҳҳо, сатҳи хизматрасонии нақлиёти мусофиркашонии ҷамъиятӣ, ҷамъоварии андоз ва омодагӣ ба моҳи шарифи Рамазон матраҳ гардида, дар ин самт М. Убайдуллоев ба масъулини сохторҳои марбута дастуру супоришҳои мушаххас дод. 
 

Май 20, 2014 10:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст