Даври шашуми мусобиқоти Тоҷикистон оид ба футбол анҷом ёфт

Май 26, 2014 10:13

Душанбе, 26.05.2014. (АМИТ «Ховар»). – Баъди ду вохӯрӣ рӯзи якшанбеи гузашта даври шашуми мусобиқоти Тоҷикистон оид ба футбол байни дастаҳои лигаи олӣ анҷом ёфт.Тавре ки аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд, дастаи «Истиқлол» — и шаҳри Душанбе — қаҳрамони амалкунанлаи мусобиқоти кишвар дастаи «Равшан» — и шаҳри Кӯлобро бо ҳисоби 9:1 мағлуб сохт. Дар вохӯрии дигар дастаи «Хуҷанд» дар майдони худ бо ҳисоби 1:0 бар дастаи ССКА пирӯз шуд. Баъди анҷоми шаш даври мусобиқот дастаи «Истиқлол» бо 16 хол дар мавқеи аввал ҷой гирифтааст. Ҷойҳои дуюм ва сеюмро дастаҳои «Парвоз» ва «Хуҷанд» ишғол менамоянд.

Май 26, 2014 10:13

Хабарҳои дигари ин бахш