ДДХ: 121 нафар- гирандаи стипендияи ректор
Душанбе, 30.05.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-Бо иқдоми неки Раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд (ДДХ) ба номи академик Бобоҷон Ғафуров як гурӯҳ ҷавонони фаъолу ташаббускор ва эҷодкор бо стипендияи ректори донишгоҳ қадршиносӣ мегарданд.
Тибқи иттилои сардори маркази иттилоот ва таҳлили Раёсати донишгоҳ Маъмури Юсуфзод, тибқи фармоиши ректори донишгоҳ 12 нафар узви фаъоли Маҳфили хушдилон ва ҳозирҷавобони «Тоҷикшоу», ғолиби олимпиадаи байналмилалии минтақавӣ оид ба «Идоракунии самараноки сарватҳои обӣ дар Осиёи Марказӣ», гирандагони ҷоизаи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли равон, ғолибони конфронси байналмилалии олимони ҷавон бахшида ба 23-май- Рӯзи ҷавонони Ҷумҳурии Тоҷикистон, магистрантон, ғолибони озмуни Дави миллӣ, озмуни шаҳрии «Маликаи сол-2014», озмуни шаҳрии «Хомаи заррин -2014», иштирокчиёни озмуни шаҳрии «Андалеб — 2014» мутаносибан аз 1 то 3 ҳадди ақал соҳиби идрорпулӣ гаштаанд.
Бояд гуфт, ки як ҳадди ақали стипендия 97 сомониро ташкил медиҳад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






